Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

№77 (3223) 15.07.2014

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маводи хабарнигори рӯзнома Ш.Шоҳқосимовро таҳти унвони «Нархи роҳкиро бояд воқеӣ бошад», ки аз 1 майи соли 2014 №44 чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Бояд зикр намуд, ки роҳҳои хатсайрҳои Хоруғ-Душанбе сол то сол ободтар гардида, дар ин самт бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи  сеюми азнавсозии роҳи Шоҳон-Зиғар ва сохтмони силсилаи  кӯпрукҳо анҷом ёфта, ба беҳбудии назарраси сифати роҳҳо оварда истодааст. Мувофиқи маълумоти Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят», дарозии роҳи автомобилгарди Хоруғ-Душанбе 622 км будааст, ки аз ҳисоби ба истифода додани кӯпрукҳо ва нақбҳо 11 км кӯтоҳ гардидааст.

Дар ин давра нархҳои сӯзишворӣ то 30 фоиз арзон гардид ва сӯзишвории тамғаи АИ-92 -5,70, АИ -80 -5,10 то 5,30 ва сӯзишвории дизелӣ 6,00 сомониро ташкил дод, ки сокинони вилоят аз ин дастоварди соҳа ва иқдоми нек басо шукргузоранд.

Вале бе дарназардошти ҳолатҳои дар боло зикргардида, тибқи нархномаи №13-02-12-92/31 «Тарифҳои номиналии мусофирбарӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хатсайрҳои дохилӣ ва берунии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2013 таҳти №254 аз рӯйи коэффитсиенти 1,3 дар муқоиса бо тарифҳои мавҷудбудаи хизматрасонии мусофирбарӣ дар ҳамаи номгӯйи хатсайрҳо нисбати соли пеш қиматтар муқаррар ва бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2013 мувофиқа ва тасдиқ гардидаанд. Масалан, агар соли 2013 нархи роҳкирои хатсайри Хоруғ-Душанбе 240 сомониро ташкил медод, мувофиқи нархҳои соли 2014 тасдиқгардида 60 сомонӣ ё 25 фоиз афзуда, 300 сомониро ташкил медиҳад. Ҳол он ки аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёти хатсайри Хоруғ-Душанбе арзиши чипта аз 200 то 250 сомонӣ ва нархи сӯзишворӣ дар ҳудуди вилояти Бадахшон дар муқоиса бо шаҳри Душанбе гаронтар мебошад.

Шодихон ҶАМШЕД, раиси ВМКБ