Конференсияи Иттифоқҳои касабаи вилоят

№72-73 (3057-3058) 14.06.2013

 Дар шаҳри Хоруғ конференсияи XII  байнисоҳавии Иттифоқҳои касабаи вилоят баргузор гардид. Конференсия фаъолияти Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилоятро дар ҳафт соли охир мавриди баррасӣ қарор дод. Раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилоят Раҳим Бекназаров аз фаъолияти Шӯро дар ин давра ҳисобот дод. Зикр гардид, ки дар ин давра ҳафт пленум баргузор шуд, ки дар онҳо масоили мубрами фаъолияти Иттифоқҳои касабаи вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар 41 ҷаласаи раёсат 180 масъала мавриди муҳокима қарор гирифт. Иттифоқҳои касабаи вилоят дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» фаъолият намуда, барои мусоидат намудан ба татбиқи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон се маротиба бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, Ассотсиатсияи соҳибкорон шартнома ба имзо расонидаанд. Дар ин давра барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар осоишгоҳҳо, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Дар ду соли охир Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба ин мақсад беш аз 540 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст. Дар ин давра дар ҷараёни санҷиши шароити меҳнат, риояи қоидаҳои бехатарӣ дар истеҳсолот 4971 қонунвайронкунӣ аз ҷониби корфармоён ошкор гардид, ки ҷиҳати бартараф намудани онҳо ба роҳбарон амрномаҳо фиристонда шуд.  Дар ҷараёни баррасии масъала иштирокчиёни конференсия барои ислоҳи камбудиҳо, беҳтар намудани фаъолияти иттифоқҳои касабаи соҳавӣ ва Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилоят фикрҳои судманд пешниҳод намуданд.

Дар охир раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон М.Солеҳов ва муовини раиси вилоят Қиматгул Алибердиева суханронӣ намуданд. Дар Конференсия мақомоти роҳбарикунандаи Иттифоқҳои касабаи вилоят, инчунин вакилон ба анҷумани Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон интихоб гардиданд. Раҳим Бекназаров — раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилоят интихоб шуд.

Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»