Кӯдакони замони ҷанг

Лаҳзаҳое, ки насли наврас бояд аз он хулоса кунанд

№69 (3370) 18.05.2015

СурчайЗимистони соли 1945 эпидемияи тиф (домана) сар шуд. Дар ҳамин шароити вазнин банда 27 январи соли 1945, чаҳор моҳ пеш аз Ғалаба, чашм ба олами ҳастӣ кушодам. Модарам пас аз як ҳафтаи таваллуди ман ба касалии тиф гирифтор гардид. Ҳамсари амакам инчунин.

Тақдири мани якҳафтаина ба дасти бобои падариам Қосимбек афтод. Бобоям маро ниҳоят дилсӯзона тарбия кард. Шояд сабаби дилсӯзиаш он буд, ки маро ба хотири ҳамсараш Сурчай номгузорӣ карда буданд. Бобоям маро латтапеч карда, ба гаҳвора мехобонд ва гаҳвораҷунбонӣ мекард. Чун аз хоб сер мешудам, аз гаҳвора бароварда, шир мехӯронд. Ҳамин тавр, тифлиам паси сар шуд. Тавони хизмат пайдо шуду ба бобоям хизмат мекардам. Пӯшок, ҷойи хобашро тоза нигоҳ медоштам.

Солҳои баъдиҷангӣ низ зиндагӣ хеле вазнин буд. Кӯдаки хурдсол будам, аммо ҳамаашро дар хотир дорам. Чор — панҷсола шудаму падару модарамро пайи рамаи бузу гӯсфандон дидам. Бо ҳиссиёти бачагӣ гумон кардам, ки ин рамаи зиёд моли шахсии мо бошад ва ҳамроҳи волидайнам айлоқ рафта, ба модарам дар нигоҳубини баррачаҳо ва бузғолаҳо ёрмандӣ намудам. Айлоқгоҳҳои тобистонаю баҳоронаи участкаҳои Бизад, Навобод, Силак, Шоҳносир ва Вамардара макони зист ва ҷойи корамон буданд. Зимистон бо рамаи колхоз дар Сипоси Барзуд иқомат доштем.

Аз моҳи сентябри соли 1951 мактабхон шудам. Акнун макони буду бошамон сето шуд: хона, мактаб, айлоқгоҳ. Аз хона ба мактаб, аз он ҷо ба хона ва аз хона ба айлоқгоҳ. Ба айлоқгоҳ  рафтан зарур буд. Ба падару модарам нон мебурдам ва аз он ҷо ба хона шир меовардам.

Ҳолатҳое шуданд, ки ба сабаби аз мактаб дур будани айлоқгоҳ аз дарс дер мемондам. Боре муаллимам Худобанда Меҳмонов барои ба мактаб оварданам ба Паднад омада, маро дида гуфт:

- Рост ба мактаб рав, зери барги чормағз худро пинҳон накун.

Минбаъд аз айлоқгоҳ зуд ба хона бармегаштам ва ба дермонӣ хотима додам. Дар ин ҷо лозим мешуморам номи муаллимони ғамхорам Аслен Шерафзалова ва Худобанда Меҳмонов, китобдори онвақтаи мактаб Муродбахт Афталова аз муаллимони омӯзишгоҳ Ҷӯрақуловро бо некӣ зикр намоям.

Як бегоҳӣ аз Шоҳносир ба хона дер баргаштам. Ҳарчанд падару модарам гуфтанд, ки нарав, ман гӯш накарда, ба роҳ даромадам. Гуфтам, ки давида мерасам. Римвидӯр ҳанӯз дур буд. Яке ба тарафи рост нигоҳ кардам, паланг ҳамшафати ман мегардад. Ба ростӣ, ки тарс вуҷудамро фаро гирифт. Пиндоштам, ки агар истам, шояд паланг бадхашм шавад. Бинобар ин рафтан гирифтам. Даранда гоҳе ба ман ва гоҳе ба пеш нигоҳ карда, омирона мерафт.

Он солҳо (дар фасли тирамоҳ) дар Девлохи Барзуди ноҳияи Рӯшон фақат амаки Абдулшаид иқомат дошт. То хонаи Абдулшаид масофа дур. Ба замми ин шабона ба духтарбачаи 14-15 — сола рафтан магар воҳиманок нест? То хонаи амаки Абдулшаид тахминан 15-20 метр монду паланг аз ман дур шуд. Ба остонаи хонаи номбурда расида, ба боло рафтани дарандаро мушоҳида менамудам.

Баъди ғоиб шудани даранда дар ҷоям шах шудам. Андешидам, ба хонаи бобои Абдулшаид дароям ё ба хонаамон ба Паднад равам? Агар рафтан гирам, шояд паланг аз қафоям баргардад. Таваккал карда, ба сӯи хона роҳӣ шудам. Зуд-зуд ба ақиб нигариста, бо роҳи сарнишеб бошитоб ба хона расидам. Бародари калониам маро сахт сарзаниш кард:

-Шабона аз Шоҳносир ба Паднад марди чусту чолок ҷуръати омадан надорад. Гург ҳаст, шояд паланг ҳам бошад,- мегуфт акаам.

Мактаби миёнаро хатм намуда, ба шавҳар баромадам. Бо пешниҳоди котиби якуми комитети партиявии ноҳияи Рӯшон Султоннасаб Мирзоева ман бояд ба Москва мерафтам. Шавҳарам журналист, зиёии равшанзамир Занҷирбек Ёғибеков барои ба Слёти ҷавонзанони Тоҷикистон дар Москва фиристондани ман розигӣ дод, сарфи назар аз он ки шавҳарам дар хона панҷ нафар ятими аз 3 то 14 — сола дошт.

Моҳи апрели соли 1967 ману Сафармо Миразорова ба Хоруғ ва аз он ҷо  ҳамроҳи чанд нафар ҷавонзанони вилоят ба воситаи самолёт ба Душанбе парвоз намудем. Аз он ҷо чорсад нафар шуда, поездсавор  роҳи Москваро пеш гирифтем. Сарвари мо котиби якуми Комитети Марказии ЛКСМ Тоҷикистон Гулҷаҳон Бобосодиқова буд.

Дар пойтахти мамлакат аввал ба Мавзолеи Ленин рафтем. Рӯзи дигар дар Кремл вохӯрии мо бо роҳбарони ҳизб ва ҳукумат барпо гардид. Ба Л. Брежнев ва В. Терешкова – аввалин зани кайҳоннавард сару либоси тоҷикӣ пӯшонда шуд. Дар ин ҷо барои мо консерти калон нишон доданд.

Тамошои Хонаи Кремлии съездҳо, Музейи Зоя Космодемянская ва Панорамаи ҷангии соли 1812, дидани Котиби генералии КМ ПК Иттифоқи Советӣ Л. Брежнев, кайҳоннавард В.Терешкова ва ҷисми мӯмиёкардашудаи В.И. Ленин ба мо таассуроти амиқ бахшиданд.

Тобистони соли 1976 ману Муборакхотун Қиматшоева аз ноҳияамон иштирокчии лагери байналмилалии ҷавонон дар Закарпатйе шудем. Аз Тоҷикистон чаҳор ҷавонзан будем. Мардум сару либос ва мӯйи сиёҳи панҷакбофи моро дида, ҳавас мекарданд.

Солҳои таҳсил дар Омӯзишгоҳи маданӣ — равшаннамоии ҷумҳуриявии райони Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) вохӯрӣ бо Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҷалол Икромӣ шавқангез буд.

Чунин буданд лаҳзаҳои аҷибе аз ҳаёти мо — кӯдакони замони ҷанг. Аз ин рӯ, ҳар сол омадани Иди Ғалабаро бесаброна интизор мешавам ва пеш аз ҳама, ба табрики ветеранҳои ҷанг мешитобам.

Бигузор насли наврас ва ҷавонон даҳшати ҷанги хонумонсӯзро набинанд.

Сурчай ПАЛЛАЕВА, собиқадори меҳнат, деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон