Маҷмааи варзишӣ бунёд меёбад

№87 (3072) 12.07.2013

ХОРУҒ. ( Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум» Дар маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ бунёди маҷмааи варзишии болопӯшидаи дорои 1700 ҷойи нишаст идома дорад. Маҷмаа аз ду толор иборат буда, барои гузаронидани мусобиқаҳои       сатҳи ҷаҳонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо варзишгарон метавонанд дар як вақт дувоздаҳ намуди варзишро машқ кунанд. Ин маҷмаа дар асоси дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи варзиш дар вилоят сохта мешавад. Аз оғози сохтмон  ба маблағи беш аз якуним миллион сомонӣ корҳо анҷом дода шуданд. Бояд зикр намуд, ки дар чор соли охир дар қаламрави  вилоят бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  толори варзишии дорои тамоми шароит дар ноҳияи Дарвоз, варзишгоҳҳо дар ноҳияҳои Ванҷ, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ бо ғунҷоиши бештар аз 10 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтанд.