Намоишгоҳҳои байналмилалӣ соҳибкорони Бадахшонро интизоранд

№67 (3368) 12.05.2015

Намоишгоҳҳои байналмилалии саноатӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, маҳсулоти озуқаворӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ ва технологияи муосир, ки мақомоти дахлдор ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо даъват гардидаанд, моҳҳои май, июн ва сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи мухтори Синтсзян- Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой ва шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегарданд.

Дар давоми соли ҷорӣ баргузории чор намоишгоҳи байналмилалӣ бо иштироки Тоҷикистон дар назар аст. Намоишгоҳи аввал рӯзҳои 9-11 май дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии Синтсзян доир мешавад. Ин намоишгоҳи чоруми «Осиё — Аврупо» оид ба манбаъҳои нави энергия ва саноати оптикӣ – электронӣ мебошад, ки дар он таҷҳизоту технология дар соҳаи энергия ва энергетикаи бодию офтобӣ, таҷҳизоти биоэнергетикӣ ва равшандиҳӣ пешниҳод мегардад. Мақсади ин намоишгоҳ   рушди минбаъдаи соҳаи энергетика, таҳкими муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, дарёфти сармоягузорон ва шарикони байналмилалӣ, ташкил намудани корхонаҳои муштарак мебошад. Аз ин рӯ, иштироки корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорони ватанӣ дар ин намоишгоҳ мувофиқи мақсад мебошад.

Бо иқдоми Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тиҷорати музофоти Нинсяи Ҷумҳурии Халқии Хитой намоишгоҳ бо иштироки зиёда аз 50 ширкати бонуфузи музофоти Нинся бо пешниҳоди маҳсулоти озуқаворӣ, таҷҳизоту технологияи истеҳсолӣ, либосворӣ, маҳсулоти бофандагӣ ва  масолеҳи сохтмонӣ баргузор мегардад. Инчунин дар доираи баргузории намоишгоҳ гузаронидани вохӯрии мизи  гирди соҳибкорони Тоҷикистон ва Хитой дар мавзӯи «Самтҳои инкишофи ҳамкориҳои дуҷониба»  ба нақша гирифта шудааст.

Мақсади намоишгоҳи мазкур ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Рӯзҳои 10-12 июн бошад, баргузории Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Expo — Russia Kazakhstan-2015» дар меҳмонхонаи «Rixos»-и шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар назар дошта шудааст. Дар намоишгоҳ соҳаҳои мошинсозӣ, металлургия, энергетика ва технологияи сарфаи неруи барқ, саноати нафту газ ва нақлиёт, аз он ҷумла авиатсия ва кайҳоннавардӣ муаррифӣ мешаванд.

Мақсади гузаронидани ин намоишгоҳ таҳкими ҳамкориҳои судманди илмӣ – технологӣ, рушди тиҷорати муштарак ва муносибатҳои иқтисодӣ байни давлатҳо мебошад.

Намоишгоҳи дигар рӯзҳои 16-18 сентябри соли ҷорӣ дар Маркази намоишгоҳии «Атакент»-и шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад. Ин Намоиш-форуми байналмилалии Осиёи Марказӣ «EcoTech-2015» оид ба технологияи ҳифзи табиат, идоракунии партовҳо, обтозакунии саноатӣ ва инноватсияҳои «Сабз» хоҳад буд.

Мақсади баргузории форуми мазкур барқарор кардан ва таҳким бахшидани алоқа байни истеҳсолкунандагони таҷҳизоти тозакунӣ ва коркард, таҳвилгарони мол ва хизматрасониҳои экологӣ ва истеъмолкунандагон – хоҷагиҳои хусусӣ, хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ, корхонаҳои саноатӣ, сохтмонӣ, энергетикӣ ва дигар соҳаҳо мебошад.

Шоҳтолиб  ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»