Навҷавоне, ки баҳри озодии Ватан ҷон бохт

№64 (3365) 06.05.2015

… Модари Саломатшо мисли дигар модарон дар ташвиш буд, ки як рӯз не, як рӯз писараки чун гулашро ҷанг мебаранд. Ниҳоят омад ҳамон рӯзе, ки аз омаданаш дар ташвиш буд. Ба номи Саломатшо даъватнома   омад. Ҳамон шабу рӯз аз деҳаи ҳамешабаҳори Тусиён ҷамъ ҳаждаҳ нафар ҷавонони наврас ба ҷанг рафтанд.

Модари дилреш то нисфи шаб барои писару ҳамроҳонаш нону кулча, тӯшаи фаровон пухту ашки зиёд рехт. Баъзан худро  дилбардорӣ мекард, ки боз ҳамроҳи ӯ дигар ҳамдеҳагонаш низ ҳастанд. Дар паҳлуи писар хоб карду то саҳар хобаш набурд. Мӯйҳои сиёҳашро сила мекарду чашмони нозанини писарашро  мебӯсид  ва ба Худо зорию  тавалло менамуд, ки писарашро зиндаву саломат ба наздаш баргардонад.

Субҳи содиқ падару модар ҳамроҳи ҷигарбанди хеш ба мазори Шоҳбурҳони Валӣ рафта, зиёрат намуданд ва Саломатшоро бо чанд ҷавони дигар ба ҳифзи Ватан гусел карданд.

Азорабеков Саломатшо 25- уми  майи соли 1925 дар деҳаи Тусиёни ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Падараш шахси саводнок ва аз илмҳои диниву дунявӣ бохабар буд. Бинобар ин, ӯ фарзанди худро, ки зеҳни тоза дошт, шахсан савод ва таълими ибтидоӣ омӯзонд. Саломатшо соли 1935 дар синни даҳсолагӣ ба мактаби ҳафтсолаи навтаъсиси деҳаи Тусиён дохил шуд. Ӯ дар мактаб бо баҳои аъло таҳсил менамуд, бо зеҳни бурро, ҳозирҷавобӣ ва қобилияти фитриаш ҳамсабақон ва устодонашро дар ҳайрат мегузошт.

Соли 1942 Саломатшо мактаби ҳафтсолаи деҳаашро бо баҳои аъло хатм намуда, бо як ҷаҳон умеду орзуҳои нек ба зиндагии мустақилона қадам гузошт. Азбаски ҷанги хонумонсӯз рӯз аз рӯз мамлакати моро хароб мекард, шароити оилавии ӯ низ вазнинтар мегашт. Ӯ муддате дар колхоз кор карда, барои дохил шудан ба мактаби олӣ тайёрӣ медид. Аммо 4 сентябри соли 1943 барои дифои Ватан ба фронт даъват шуда, баъди як моҳи тайёрӣ дар шаҳри Бухоро ба Ҷумҳурии Украина раҳсипор гардид. Фаъолияти ҷангиаш аз дивизияи 625-уми тирандозии фронти якуми Украина оғоз ёфта буд. Мутаассифона, каме дертар дар яке аз муҳорибаҳои шадиди назди шаҳри Новгород — Волинск сахт маҷрӯҳ мегардад ва баъди ҷарроҳиҳои пай дар пай 20 апрели соли 1944 дар госпитали ҳарбии шаҳри мазкур Азорабеков Саломатшои нуздаҳсола бо ин дунё падруд мегӯяд. Ҷасадашро дар қабристони шаҳидони ҷанги Новгород — Волинск ба хок супурданд. 7 майи соли 1944 ба хонааш хати сиёҳ омад.

Дар хусуси вафоти Азорабеков Саломатшо дар дафтари қайди Госпитали шимолии фронти Украина чунин маълумот сабт шудаанд: «Азорабеков Соломатик (номи кӯдакию навозишиаш Саломатик будааст), аскари сурх, тирандоз, беҳизб, соли таваллудаш 1925, суроғааш ҶШС Тоҷикистон, ноҳияи Ашткалъа (дурусташ Роштқалъа), шӯрои ҷамоати «Тавдем», захмӣ шудааст 09. 04. 1944, ба госпитал оварда шуд 19. 04. 1944, вафот кард 20. 04. 1944. Ба госпитал бо норасоии кори дил ва узви нафас, захми пои чап ва маҳрум шудан аз қисмати поёнии пои чап, сирояти сахт ёфтани захми (столбняк) рони чап оварда шуд. Ҳолаташ хеле вазнин буд, набз ва фишори хунашро муайян кардан муяссар нашуд, тамоми шаб ҳазён гуфта, табларзаи сахт вуҷудашро фаро гирифта буд, ягон дорую дармон фоида набахшида ва дилаш аз кор монд. Бемор фавтид. Дар қабристони шаҳрии Новгород — Волинск дафн карда шуд».

Бародараш Қишқорбек бо хоҳиши падару модар борҳо ба мақомоти  дахлдор муроҷиат намудааст, то ки ҷойи дафни бародарашро маълум кунанду ба зиёрати мазораш равад. Ҳатто баъди гирифтани хати сиёҳи бародараш Қишқорбек ариза навишт, ки ба ҷанги зидди фашизми хунхор меравад. Вале чун ӯ дар мактаб омӯзгор буду муаллим намерасид,  аризааш рад гардид.

Тайғуншои ҳамдеҳааш, ки ҳамроҳи Саломатшо ба ҷанг рафта буд, баъди ғалаба ба деҳа баргашт. Гарчанде дар фронти дигар барои озод намудани хоки Ватан ҷангида бошад ҳам, барои дилбардорӣ ба хонаи амаки Азорабек омад. Аз роҳи тайкардаи ҷангиаш нақлҳо кард. Ин ҷанги хонумонсӯз ҳазорҳо фарзандонро мисли Саломатшои шумо ҷавонмарг кард. Ҳашт нафар зодагони ин деҳа ҳам мисли фарзанди шумо аз тири ноҷавонмардонаи душман ҳалок шуданд, — гуфт ӯ.

Модари Саломатшо бо каме таскин ёфтани дилаш аз Тайғуншо хоҳиш ва илтиҷо намуд, ки зуд-зуд ба хабаргирӣ  биёяд…

…Аз рӯзи Ғалаба бар Германияи фашистӣ имсол 70 сол сипарӣ гашт.  Аз ҳамон вақт то ба имрӯз ҳамасола баробари дигар шаҳидон рӯи қабри Саломатшо гулчанбар мегузоранд. Роҳи ҷангии ӯ фақат ҳафт моҳ давом карда бошад ҳам, дар ин муддати кӯтоҳ бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи II ва медалу раҳматномаҳо мушарраф гардидааст.

Аз ҳаждаҳ нафаре, ки аз ин деҳа ба ҷанг рафта буданд, ҳамагӣ нуҳ нафарашон ба зодгоҳ баргаштанд.

Шоҳтолиби ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»