Ободкориҳо ва бунёдкориҳо дар Помири Шарқӣ

№136 (3121) 26.10.2013

Қаламрави ноҳияи Мурғоб аз саргаҳи мавзеи Ҷелондеҳи водии Ғунди ноҳияи Шуғнон ибтидо гирифта, дар фосилаи қариб 1000 километр дар паҳноҳои биёбонӣ, нимбиёбонӣ, суфакӯҳҳо ва муҳити ҷилои бештар хокистарангдоштаи водиҳои беканори Помири Шарқӣ то қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон, дар қисмати шарқӣ ба давлати бузурги Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дар ҷануб ба ноҳияи Ишкошим пайваст мешавад. Аз шаҳри Хоруғ то маркази ноҳияи Мурғоб фосилаи 320 километр роҳ паймудан зарур меояд. Ҳар як меҳмон, мусофир ва ҷаҳонгарди хориҷие, ки ба ин гӯшаи рангоранг ва нотакрору дурдасти Тоҷикистон сафар мекунад, аз дидани манзараҳои басе аҷиб ва ҳайратангези ин сарзамини тулуи хуршеду моҳу ситорагон ба ваҷҳ меояд. Бисёр олимони табиатшинос ва ҳамчунин кайҳоннавардону ҷаҳонгардони хориҷӣ гуфтаанд ва боз дигарон низ хоҳанд иброз дошт, ки табиат ва иқлими ҳамагонро мафтункунанда ва дилкаши ин диёри баландкӯҳ аз замин дида ба сайёраҳои дигар, пеш аз ҳама Моҳу Зуҳра ва Парвин бештар шабоҳат дорад.

Ана дар ҳамин минтақаи дуру баландкӯҳтарини кишвар, дар сари ҳар як қадам, аз қаламрави водиҳои Аличуру Булункӯл сар карда, то Модиёну Куҳнақурғон, Рангкӯлу Қизилработ, Қароқулу Шаймоқ ва Зоркӯлу дигар макони аҳолинишин ҳар як фарде, ки ба ин ҷойҳо сафар менамояд, файзу баракати даврони соҳибистиқлолии кишвар, ободӣ ва амалҳои зиёди бунёдкорӣ ва созандагиро махсусан аз давраи интихоботи гузашта то интихоботи ҳозира мебинад. Хурду бузурги ноҳияи Мурғоб ҳама пешрафт ва созгориҳои рӯзгорашонро натиҷаи ғамхориҳои ҳамарӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маблағгузориҳои Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Мурғоб медонанд.

Нахуст аз рушду ободӣ ва зебоии имрӯзаи маркази ноҳияи Мурғоб зикр кардан мехоҳам.

Ба дурустӣ, ки баъди паймудани роҳи дуру дарози Хоруғ-Ҷелондеҳ-Аличур-Башгумбез дар гардишгоҳи охирини роҳи мошингарди мавзеи Маҳмадзоир дидем, ки дар ду соҳили рӯди ҳаётбахши Оқсу, дар чорсӯйи биёбонҳо ва чарогоҳҳои беканор воҳаи сабзу хурраме доман паҳн кардааст, ки дар муҳити якрангу хокистарии ин макони паҳновар басе дилкаш ва аҷоибу ғароиб ба чашм мерасад. Дар ҳамин ҷо, аниқтараш дар соҳилҳои Оқсу, маркази ноҳия ҷойгир аст, ки тамоми иморатҳояш сап-сафеданд ва аз наззораи ин макони хеле калони аҳолинишин ба  андеша меравад, ки шояд ба шаҳри афсонавии сафедгунае ворид гаштаед.

Раиси ноҳия Мурзабай Ҷоошбаев бо камоли майл ва сипосгузорӣ аз рӯзгори дирӯзу имрӯзи мардуми ин минтақаи Помири Шарқӣ, алалхусус дар солҳои истиқлолият, натиҷаҳои бадастомадаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маблағгузориҳои калони Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят сухан мегӯяд.

- Дар хусуси ҳаёти бошандагони ноҳияамон овардани чанд мисоле басанда аст, ки дар чӣ гуна шароит зиндагонӣ кардан ва заҳмат кашидани мардумро инъикос карда метавонад, — иброз дошт Мурзабай Ҷоошбаев. –То солҳои навадуми асри гузашта дар авулҳо қариб ягон иморати бомаш шиферпӯшро пайдо намекардед. Алоқаи телефонӣ танҳо дар маркази ноҳия мавҷуд буд. Неругоҳи барқи обии хурди «Оқсу» тавоноие дошт, ки танҳо маркази ноҳия ва авули Кӯҳнақурғонро бо барқ таъмин мекарду халос. Қутоспарварон дар хаймаҳои худ чӣ будани чароғи барқиро намедонистанд, ба тарзи бобоӣ аз лампаи керосинӣ истифода мебурданд. Бисёр мактабҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ дар вагонҳо ва хаймаҳо ҷойгир буд. Бо андак беморӣ шахси маризро ба шаҳри Хоруғ мебурданд. Хушбахтона, даврони соҳибистиқлолии кишвар ин камбудӣ ва нуқсонҳоро якбора ислоҳ намуд. Чуноне ки устод Мирсаид Миршакар гуфтаанд: «Шуд дигар симои Помири азиз», ки ҳаққанду рост.

Мардуми қирғиз ва тоҷики дар ин сарзамин зиндагикунанда дар айёми аз интихоботи гузашта то ба интихоботи ҳозира хуб дар хотир доранд, ки дар вазнинтарин солҳои истиқлолият Президенти мамлакат ба Мурғоб якчанд сафари корӣ анҷом доданд. Нахустин чархболи ҳукуматие, ки дар аввалин солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба Помири Шарқӣ дар ҳавои номусоидтарин парвоз намуд ва дар соҳили Булункӯл фуруд омад, Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он нишаста буданд. Аз нахустин қадамҳои муборакашон сар карда, инҷониб кору амалҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ дар саросари чорсӯйи Помири Шарқӣ, пеш аз ҳама Мурғоб, оғоз гардид.

- Баъди боздиди нахустини Президенти кишвар аз ин сарзамини дурдаст ба таври таъҷилӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Мурғоб» қабул гардид, ки аз 18 банд иборат буд. Ҳамзамон боиси шодмонии сокинони ин минтақа мебошад, ки қариб ҳамаи бандҳои ин ҳуҷҷати муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расида, вусъати баланди корҳои ободонӣ ва созандагии зиёд дар ин минтақа ба мушоҳида мерасад. Ҳамчунин дар маркази ноҳия, деҳоти «Аличур», «Қароқул», «Рангкӯл», «Куҳнақурғон», мавзеъҳои Модиён, Қизилработ, «Башгумбез», «Чеччектӣ», хулоса саросари ноҳия, иншоот ва биноҳои нави замонавӣ, пеш аз ҳама корхонаҳои хурду нуқтаҳои хизматрасонӣ сохта шуданд. Таълимгоҳҳои нав, аз ҷумла дар маркази ноҳия бунёд гашта, саросар бо компютеру принтер ва дигар таҷҳизоти замонавӣ таъмин шудаанд. Бештар аз даҳ идораву муассиса дар маркази ноҳия соҳиби иморати нав гардид. Дар тӯли ин солҳо муассисаҳои фарҳангӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии зиёд сохта шуданд. Аз ҷумла азнавсозии бинои куҳна ва садамавии беморхонаи марказӣ ба итмом расид, табобатхонаҳои минтақавии  деҳоти «Аличур», «Қароқул» ва «Рангкӯл» таъмир қарор ёфтанд.

Аз ҳисоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ бо автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ таъмин шуданд. Дар канори шоҳроҳи автомобилгарди байналмилалии Хоруғ-Мурғоб-Қулма даҳҳо ошхона-чойхона, меҳмонхонаҳо ва марказҳои нави хизматрасонӣ ба кор сар карданд. Бозори «Сари кол» бунёд ёфт, ки ҳоло яке аз марказҳои савдои калонтарин дар Помири Шарқӣ ба шумор меравад. Ба Мурғоб, мисли дигар шаҳр ва ноҳияҳои Бадахшон, хатти алоқаи барқӣ кашида шуда, мардуми ин ҷо аз шабакаи Интернет истифода мебаранд. Телефони мобилӣ дар хаймаҳои қутоспарварон ҳам чизи муқаррарӣ гаштааст. Бисёр бошандагони Мурғоб барномаҳои чор шабакаи телевизиони кишварро тамошо мекунанд. Ҳамаи ин навгониҳои давраи аз интихобот то интихобот мебошад. Раиси ноҳияи Мурғоб боз аз он хусус бо қаноатмандӣ нақл кардаанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ду сол муқаддам ба ноҳияи онҳо сафари корӣ анҷом дода, баҳри бунёди неругоҳи барқи обӣ дар канори рӯди Оқсу хишти аввал гузошт. Ҳоло корҳои тадқиқотӣ-ҷустуҷӯйӣ ва лоиҳакашӣ ба анҷом расидаанд ва бинокорон ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Оқсу» сар мекунанд. Баъди бунёди ин иншооти ҳаётан хеле муҳим ноҳияи Мурғоб низ ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад. Бо дастуру ҳидоятҳои Сардори давлат бисёр сокинони ин диёри дурдаст соҳиби батареяҳои офтобӣ гаштанд ва ин таҷҳизоти ҳозиразамон равшангари хонаҳои мардуми маркази ноҳия, авулҳо ва хаймаҳои қутоспарварон ва гӯсфандпарварон мебошад.

- Дар ҳақиқат қитъаҳои роҳи Хоруғ-Мурғоб-Қулма, — гуфт раиси ноҳияи Мурғоб, -ҳамчунин ба ҷониби деҳоти «Қароқул», қаламрави ҷумҳурии Қирғизистон, ки қариб 1000 километрро ташкил мекунанд, роҳҳои байналмилалӣ мебошанд. Ба баланд рафтани нархи сӯзишворӣ нигоҳ накарда, ин роҳҳои баландкӯҳ мувофиқи шароит ва имконияти мавҷуда аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои Шуғнон ва Мурғоб хеле хуб нигоҳубин карда мешаванд. Агар ронандагону мусофирон, ҷаҳонгардони хориҷӣ ва ватанӣ роҳҳои Душанбе-Дарвозро тариқи ағбаи Хобу Рубот, ки хеле кӯтоҳтар аст, дар 12-13 соат тай намоянд, роҳи 320 километраи Хоруғ-Мурғобро дар 5-6 соат мепаймоянд. Аз ин ҷиҳат хулосае баровардан мумкин аст, ки роҳҳои мо тахту ҳамвортар ва барои ҳаракати нақлиёт созгортаранд.

- Ин ҷо боз як андешаеро баён карданӣ ҳастам, -гуфт роҳбари ноҳия. — Вақте муассисаҳои автомобилии кишварамон, ки дар шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгузин буданд, барҳам хӯрданд, бисёриҳо, аз ҷумла сокинони ноҳияи худамон, ба изтироб афтоданд, ки тақдири роҳи мошингарди Мурғоб-сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон чӣ мешуда бошад? Хушбахтона, тавассути ғамхориҳои беназири Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин роҳи баландкӯҳ на танҳо барҳам нахӯрд ва бесоҳиб ҳам намонд, балки боз ҳам обод гардид. Ба замми ин, бо дастур ва ҳидоятҳои Роҳбари кишвар роҳи қариб 100 — километраи Мурғоб-Қулма дар муддати кӯтоҳтарин сохта шуд. Дар автомобиле, ки нахустин шуда аз ин қитъаи роҳ гузар намуд ва ба сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой расид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишаста буданд. Сарвари давлат баъди пайваст гардидани роҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма ба шоҳроҳи Қароқурум дар баландтарин нуқтаи ағбаи Қулма ба мардуми олам дар хусуси аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳойӣ ёфтани сарзамини зебо ва пурасрор –Бадахшон мужда расониданд.

Чанде пеш, Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Мурғоб бо дастуру ҳидоятҳои Сардори давлат техникаи пуриқтидори нав гирифт. Алҳол бунёдкорӣ ва созандагӣ дар қисматҳои гуногуни ин роҳ идома дорад. Дар маркази ноҳия ва ҳамчунин мавзеи Қизилработ биноҳои терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ сохта, ба истифода супурда шуданд. Дар ағбаи Қулма низ чунин терминал ва меҳмонхонаҳову марказҳои хизматрасонӣ дар кӯтоҳтарин фосилаи вақт бунёд гаштанд. Зарурати бунёди ин терминалҳо ва марказҳои хизматрасонӣ дар он аст, ки ҳамарӯза аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз қаламрави давлати бузурги Хитой садҳо адад мошин дар рафтуомаданд. Аз тарафи дигар тайи шаш – ҳафт соли охир ҷаҳонгардони хориҷии зиёде ба ин сарзамини афсонавӣ сафар мекунанд ва ин раванд рӯй ба афзоиш аст. Ҷаҳониён иштиёқи тамошои табиати афсункори Помири Шарқиро дар баробари дидани кӯли Сарезу шифохонаҳои Гармчашма, Авҷ, Ямчун ва Ҷелондеҳ доранд.

Суҳбатамон оид ба рушди самти чорводорӣ, алалхусус қутоспарварӣ низ ҷараён гирифт. Мурзабай Ҷоошбаев гуфтанд, ки ин соҳа дар рӯзгорони истиқлолият ва дар давраи аз интихобот то интихобот хеле тараққӣ ёфт. Мурғоб яке аз калонтарин ноҳияҳои чорвопарварии мамлакат ба шумор меравад. Дар ин минтақаи васеи Помири Шарқӣ 22 ҳазор сар чорвои калони шохдор, аз он ҷумла 20 ҳазор сар қутос ва 56 ҳазор сар моли майда парвариш меёбад. Ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок-асппарварӣ ва уштурпарварӣ низ инкишоф ёфта истодааст. Ду сол пештар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди минбаъдаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Дар татбиқи ин  ҳуҷҷати муҳим аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Дар рушди самти қутоспарварӣ дар дигар минтақаҳои ба иқлими шарқи Помир ҳамранг чорводорони мо кӯмак мерасонанд. Тайи се соли охир барои иҷрои ин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорасозӣ карда, баҳри пешрафти самти қутоспарварӣ дар мамлакат ба ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Ҷиргатол, Балҷувон, Тавилдара, Варзоб, ҳамчунин Шуғнону Ишкошим ва Рӯшон бештар аз 1000 сар қутос бо нархи арзон фурӯхта шудааст.

Зимни суҳбат Мирзабай Ҷоошбаев инчунин хотиррасон карданд, ки дар солҳои аввалини соҳибистиқлолии мамлакат, вақте ки муноқишаҳои дохилӣ мардумро дилшикаста карда буд, даҳҳо хонаводаҳои мардуми Мурғоб ба Қирғизистон кӯч бастанд. Хушбахтона, рӯзҳои вазнину пурмоҷаро дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пушти сар шуд ва офтоби оламорои сулҳу ваҳдат чорсӯйи кишварро боз аз нав мунаввар намуд. Нафаре дигар дар фикри тарк намудани ин сарзамини паҳновар, ки зиёда аз 60 ҳиссаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ташкил мекунад, нест ва пиру ҷавон аз паи ободии диёр мебошанд.

Мушкилоти сокинони ин минтақа бо дастур ва ҳидоятҳои Сардори давлат дар давраи аз интихобот то интихобот хеле зиёд ҳал гардидаанд. Аз он ҷумла шароити сахти иқлими сарди Мурғобро ба назар гирифта, барои аз водии Олойи Ҷумҳурии Қирғизистон кашонида овардани ангиштсанг имтиёзҳои иловагӣ муқаррар шудаанд ва ин намуди сӯзишворӣ бо нархи арзон ба аҳолӣ ва идораву муассисаҳо, пеш аз ҳама, мактабҳо дастрас мегардад. Мушкилоти асоситарин – таъминоти барқ дар ноҳия бо бунёди Неругоҳи барқи обии «Оқсу-2» ҳал мегардад. Роҳҳои дуру дарози Помири Шарқӣ то баландиҳои ағбаи Қулма ва қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон боз ҳам бештар тахту ҳамвор мегарданд.

Помири Шарқӣ, чун дигар шаҳру навоҳии Бадахшон, дар ояндаи наздиктарин ба дарвозаи воқеан ҳам тиллоии Тоҷикистон мубаддал мегардад.

Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор