Шараф чизи таҷовузнопазир аст

№69 (3370) 18.05.2015

ХусравовҲозиршо Хусравовро, ки солҳои баъдиҷангӣ дар вазифаи раиси Кумитаи вилоятии ДОСААФ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят софдилона кор мекард, дар тамоми гӯшаю канори ВМКБ мардум мешинохтанд ва эҳтиромашро ба ҷо меоварданд. Агар ӯ дар ҳаёт мебуд, имсол баробари ҷашни 70- солагии Ғалаба 90 — солагии рӯзи мавлудашро ҷашн мегирифт.

Аввалҳои моҳи сентябри соли 1943 Комиссариати ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷавонони ба синни 18 қадамниҳодаро барои ҳимояи Ватан даъват намуд. Зиёда аз 360 нафар ҷавонони бадахшонӣ, ки Ҳозиршо низ миёни онҳо буд, ба муҳофизати Ватан бархестанд. Онҳоро аввал ба полки эҳтиётӣ, ки дар ҳудуди вилояти Бухоро воқеъ буд, оварданд. Дар ин ҷо мебоист аз курси шашмоҳаи тайёрӣ  мегузаштанд. Вале бинобар ба миён омадани зарурати такмили қӯшунҳои ҷангидаистода 6 ноябри соли 1943 онҳоро таъҷилан аз машқгоҳҳо ба ҳудуди қисми ҳарбӣ оварданд. Баъди ёд кардани савганди ҳарбӣ дар истгоҳи роҳи оҳани Қаракӯл ба қатораҳо савор намуда, ба хати фронт фиристоданд.

Дар наздикии шаҳри Харков бо дамидани субҳ ногаҳон болои хати роҳи оҳан даҳҳо самолётҳои душман пайдо шуда, мехостанд қатораро бомбаборон кунанд. Бо садо додани бонги хатари ҳавоӣ наваскарон худро аз қатораҳо берун андохта, ба ҳар тараф пароканда шуданд. Дар ин вақт тӯпҳои зенитии болои қатора онҳоро бо чунон оташи сӯзони тир пешвоз гирифтанд, ки тайёраҳои фашистӣ саросемавор самти ҳаракати худро тағйир дода, ба ҳар ҷои ростомада бори марговари худро партофта, роҳи гурезро пеш гирифтанд. Хушбахтона, аз байни ҷанговарон касе осеб надид, гарчанде роҳи оҳан зарар дида буд. Ҷанговарон ноилоҷ пиёда ба роҳ баромада, масофаи зиёда аз 200- километраро аз миёни саҳрою бешаҳо тай намуда, ба ҷои таъиншуда – деҳаи Любимовка омада расиданд. Онҳоро ба ҳайати Дивизияи 221- уми Мариуполии Фронти якуми Украина дохил намуданд. Ҳозиршо аз он мефахрид, ки ҳамроҳи ӯ дар ҳайати ротаи якуми баталёни якуми  Полки тирандозии 625- ум ҳамдиёронаш Қ.Ҳайдарбеков, А.Раҳимҷонов, М.Ҳақназаров, А.Саидбеков, А.Абдулкаримов, Ш.Бобошоев, Б.Боймамадов ва М.Мамадбеков хизмат мекарданд ва дар ҳар лаҳзаи вазнин шарики ғаму шодии ҳамдигар буданд.

Хати фронти ҳудуди полк наздикии истгоҳи роҳи оҳани Липоветси вилояти Виннитса аз майдони кушода мегузашт.Моҳи декабр боди изғиринги барфолуд ба сару рӯ мезад, аз ҷониби дигар фашистон ҳар лаҳза хандақҳои ҷанговарони дар мудофиаистодаро зери оташи тиру снаряд мегирифтанд. Ҷанговарони аз сармо ва ҳамлаҳои пай дар паи фашистон баҷономада бесаброна интизори фармони ҳуҷум буданд. Ва ин дақиқа ҳам фаро расид. Субҳдам тӯпҳо наъразанон нуқтаҳои оташфишони душманро ҳадафи тирборон қарор доданд. Дар фазо тайёраҳои ҳарбии ситораи сурхдор пайдо шуда, ҳудуди мудофиавии фашистонро бомбаборон карданд. Сипас, танкҳо ва аз қафои онҳо ҷанговарон ба ҳуҷум гузаштанд ва фашистон, ки дар рафти ин амалиёти ҷангӣ қувваҳои асосии худро аз даст дода буданд, рӯ ба гурез ниҳоданд. Дар рафти ҳуҷуми серӯза полк шаҳри Виннитсаро аз фашистон озод намуд. Дар рафти ин муҳориба қариб 100 нафар сарбозону афсарони фашист асир ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ ғанимат гирифта шуд. Барои корнамоии ҷангӣ полк бо Байрақи Сурх мукофотонида шуда, «полки Байрақи сурхдор» ном гирифт. Ҳозиршо дар ин муҳорибаи ҷангӣ ба мукофоти аввалин — медали «Барои хизматҳои ҷангӣ» қадрдонӣ шуд.

Ҳамин тавр, Ҳозиршо дар озод намудани вилоятҳои Каменеск-Подолск, Тернопол, шаҳрҳои Житомир, Бердичев, Белал, Харков ва дигар шаҳру деҳоти Украина ҷонбозиҳо намудааст. Се маротиба захм бардошта, баъди табобат боз ба майдони набард баргаштааст.

Моҳи январи соли 1945 қӯшунҳои шӯравӣ  истеҳкомҳои душманро рахна карда, бо набардҳои шадид шаҳру деҳоти Пруссияи Шарқиро пайи ҳам аз фашистон озод кардан гирифтанд. Қӯшунҳои фашистӣ муқобилияти зиёд нишон медоданд, барои  ҳар як деҳаву шаҳр задухӯрди хунин ба амал меомад. Хусусан, ҷанг баҳри озодкунии шаҳри Кеннигсберг хеле даҳшатнок буд. Вале сарбозон далерию шуҷоат ва мардонагии бемисл нишон дода, ин қалъаи мустаҳкамро тасхир намуданд. Ҳозиршо барои дар ин набард мардонагию диловарӣ нишон  додан бо ордени «Шараф» дараҷаи III мукофотонида шуд.

Муҳорибаҳо баҳри озодкунии Пруссияи Шарқӣ се моҳ давом карданд.  Барои Ҳозиршо рахна сохтани истеҳкоми райони Лазеркайми Пруссияи Шарқӣ имтиҳони ҷасорату мардонагӣ буд. 6 апрели соли 1945 ҳангоми ҳуҷум баҳри рахна намудани ин истеҳком вай диловарӣ нишон дода, шуҷоати шахсиаш дигар ҷанговаронро низ ба ҳуҷум ҳидоят намуд. Ҳамроҳи  гурӯҳи ҷанговарон 12 сарбози фашистро бо ду пулемёт асир гирифт. Шахсан 15 аскару афсарони фашистиро нест кард. Душман аз истеҳкоми назди Лазеркайми ишғолкардааш дур партофта шуд. Барои ин ҷасорату далерӣ ӯ бо ордени «Шараф» дараҷаи II мукофотонида шуд.

Рӯзи Ғалабаро  Ҳозиршо дар ҷангалзори Пруссияи Шарқӣ истиқбол гирифт. То ин рӯзи саид аз байни зиёда аз 360 нафар ҷанговарони бадахшонӣ дар сафи артиш фақат ду нафар — Ҳозиршо Хусравов ва Қишқор Ҳайдарбеков монданд. Баъзеҳо пас аз захмдоршавӣ аз майдони ҷанг ба ақибгоҳ фиристонида шуданд, қисме дар роҳи ҳифзи Ватан қурбон шуда, чандин нафари дигар то имрӯз ҳам бе ному нишонанд.

Охирҳои  моҳи июни соли 1945 Дивизияи 221- умро ба ихтиёри Фронти Забайкалйе, ба хати сарҳади байни Муғулистону Манҷурия, ки армияи квантунии Япония мавқеъ гирифта буд, фиристоданд. Дар миёни саҳрои беҳудуди регзор буттае ба назар намерасид, ки  сарбозон дар сояи он аз нури сӯзони офтоб паноҳ ёбанд. Ҳарорат аз 60 дараҷа мегузашт. Бисёр ҷанговарон, хусусан ҷавонони нав даъватшуда ба шиддати гармӣ тоб наоварда, касал мешуданд. Оби аз ҷои дур овардашуда чунон гарм мешуд, ки барои нӯшидан ба кор намеомад. Умуман, аҳволи Ҳозиршо ва ҳамяроқони ӯ хеле вазнин буд. Ҳама бо бетоқатӣ нигарони оғози амалиёти ҷангӣ буданд. Аввалҳои моҳи август ҷанги зидди Япония оғоз ёфт. Қӯшуне, ки Ҳозиршо дар ҳайати он буд, хати мудофиавии японҳоро рахна намуда, аз қаторкӯҳҳои Хингани Калон ба қисми марказии Манҷурия, ба наздикии шаҳри Самун расиданд.

Дар ин ҷо қӯшуни яккачини японҳо, ки аз самурайҳо иборат буд, ногаҳон аз ҳар ҷониби полк ҳуҷум овард. Ҷанги тан ба тан ва  шадиде ба амал омад, ки дар рафти он ҳуҷуми японҳо барбод дода шуд. Сипас, японҳо рамаи чорво ва аҳолии осоиштаро пеш андохта, аз он барои худ сипар  сохта,  боз ба ҳуҷум гузаштанд. Вале  ин навбат ҳам кӯшиши онҳо барор нагирифт. Ҳозиршо ва ҳамяроқони ӯ қисми зиёди самурайҳоро бо оташи тир ба замин хобонда, қисми дигари онҳо рӯ ба гурез ниҳоданд. Дар лаҳзаи охирин ӯ аз пояш захм бардошт, вале аз майдони муҳориба рафтан нахост. Ҳозиршо барои дар ҷанги зидди артиши квантунии Япония корнамоӣ ва ҷасорат нишон додан бо ордени «Ситораи Сурх» мукофотонида шуд.

Ҳамин тариқ, то охири Ҷанги Бузурги Ватанӣ сари синаи ҷанговари  ҷасур Ҳозиршо Хусравовро  чор орден, ду ордени «Шараф» дараҷаҳои II ва III, «Ситораи Сурх», «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаи III ва даҳ  медали ҷангӣ оро медоданд. Вай ҳамчунин бо чор Раҳматномаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС ва дигар мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст.

Ҳозиршо Хусравов ҳамчун дорандаи ду ордени «Шараф»  ду  маротиба -  соли 1975 ба муносибати 30 — солагӣ ва соли 2000- ум ба муносибати 55 — солагии Ғалаба бар фашизми Германия дар Майдони Сурхи шаҳри Москва, дар паради ҳарбӣ ширкат дошта,  дар зери байрақи Ғалаба расм гирифт.

Гарчанде аз вафоти ин марди шуҷоъ ва зафарманд 14 сол сипарӣ гардида бошад ҳам, корномаи ҷангӣ ва суҳбатҳои самимиаш аз дили ёру дӯстон ҳеҷ гоҳ зудуда намешавад.

Шоир дар ҳаққи чунин мардони далер гуфтааст:

Шараф чизи таҷовузнопазир аст,

Ҳар он кас ки шараф дорад, кабир аст.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»