Суръати кор қонеъкунанда нест

№77 (3223) 15.07.2014

Ҷараёни иҷрои дархосту пешниҳодоти сокинони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷу Роштқалъа ва Рӯшон, ки дар мулоқот бо раиси вилоят Шодихон Ҷамшед баён гардиданд, дар машварати назоратии назди раиси вилоят бо иштироки  роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, идораву муассисаҳои вилоятӣ ва сохторҳои қудратию интизомӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Мувофиқи иттилои мудири бахши назорати дастгоҳи раиси вилоят Шафтолу Хушмардов, аз 39 банди супоришоте, ки дар алоқамандӣ ба иҷрои  таклифу дархости шаҳрвандон ба раиси вилоят пешниҳод гардиданд, 27 банд мавриди иҷро қарор гирифтанд.

Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед дар ҷараёни баррасии масъалаҳо аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки иддае аз роҳбарони идораву муассисаҳо, аз иҷрои супоришҳое, ки ба онҳо дода мешавад, ба дастгоҳи раиси вилоят ахборот пешниҳод намекунанд. Ҳар як шаҳрванд ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, пеш аз ҳама, аз нуқтаи назари иҷрои ин ё он дархосташ баҳогузорӣ мекунад ва иҷрои арзи шаҳрвандон бояд дар фаъолияти ҳар як роҳбар нақши калидӣ дошта бошад.

Дар машварат инчунин ҷараёни корҳо дар иншооти ҷашнӣ, рафти обунашавӣ ба рӯзномаю маҷаллаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2014, омодагӣ ба тирамоҳу зимистон ва гусели хонандагон ба осоишгоҳҳо баррасӣ шуданд.

Мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ Айдармамад Гулмамадов оид ба ҷараёни корҳо дар иншооти ҷашнӣ ахборот дода, гуфт, ки айни замон дар қаламрави вилоят сохтмони 172 иншоот бо маблағгузории беш аз 400 миллион сомонӣ идома дорад. Дар шаҳри Хоруғ суръати корҳо дар чанд иншооти ҷашнӣ нигаронкунанда аст. Бинои таваллудхонаи вилоятӣ бояд дар арафаи ҷашни Истиқлолият мавриди истифода қарор гирад, аммо бо чунин суръати кор сохтмони биноро то охири сол ҳам  анҷом додан ба гумон аст.

Раиси вилоят аз он изҳори таассуф намуд, ки бо вуҷуди 1000 – 1500 сомонӣ будани музди меҳнати ҳармоҳа ва зиёд будани теъдоди ҷавонони бекор дар шаҳри Хоруғ, онҳо майли кор дар сохтмонро надоранд. Мавсуф ба сохторҳои  марбутаи вилоятӣ, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо супориш дод, ки барои ҳар чӣ бештар ҷалб намудани ҷавонон бо корҳои сохтмонӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»