Толиби ғалаба дар майдони набард

№72 (3373) 26.05.2015

«Торумор гардидани Германияи фашистӣ намунаи олии дӯстӣ, якдилӣ ва хизмати таърихии тамоми халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Тақрибан 100 ҳазор ҷавонмарди тоҷик дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гаштанд. Мо дар назди хотираи неки онҳо сари таъзим фуруд меорем ва бо зикри хайр номи онҳоро зинда медорем».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон

8 майи соли 2008, шаҳри Душанбе

 

Толибшо ЧумаевИди Ғалаба як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост, ки  дар он корнамоиҳои ибратомӯз ва қаҳрамонию мардонагии падарону бародарони калонсоли мо дар майдонҳои ҳарбу зарб бо хати заррин сабт шудааст.

Толибшоҳ Ҷумаев соли 1916 дар деҳаи Рини ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Овони хурдсолиаш бо мушкиливу сахтиҳои рӯзгор сипарӣ шуд. Бо вуҷуди ин дар дил орзу дошт, ки соҳибмаълумот шавад. Фатҳи ин қуллаи мурод ба ӯ насиб гардид.

Толибшоҳ курси яксолаи муаллимтайёркунии шаҳри Хоруғро хатм намуда, роҳ ҷониби диёри Қаротегин гирифт. Ноҳияи Сангвор дар замони шӯравӣ яке аз ноҳияҳои маъруфи Ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон дар солҳои 30-юм ба шумор мерафт. Толибшоҳи ҷавонро дар соли аввали корӣ ба ҳайси нозири калони шуъбаи маориф қабул карданд. Муддате дар ин вазифа фаъолият намуда, дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор корро идома дод. Дар ин байн факултети методикаи Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро (соли 1942, ғоибона) хатм кард.

Соли 1941 дар саҳифаҳои таърихи ҷаҳон ҳамчун «саҳифаи сиёҳ» сабт гардид. Ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС барои ҳимояи Ватан ҷавонони зиёд давъват мешуданд. Аз рӯзҳои аввали оғози ҷанг аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷавонони баору номус ва шуҷоъ ба майдони набард сафарбар шуданд.  Толибшоҳи ҷавон ҳам бо сари баланд ба майдони корзор ихтиёрӣ ворид шуд.

Соли 1943 онҳоро ба Ҷумҳурии Туркманистон ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани мутахассисони ҳарбӣ бурда, баъд аз омӯзиши қоидаҳои ҳарбӣ ба майдони ҷанг фиристониданд.

Лейтенанти калон Толибшоҳ Ҷумаев ба ҳайси сардори ситоди тирпарронии взводи 383-юми Полки 121 хизмати ҳарбиро ба ҷой меовард. Дар набардҳо бар зидди душман дар  вилоятҳои шимоли Украина қаҳрамонона ҷангид.

Аз рӯи маълумоте, ки дар даст дорем, ӯ 14 июли соли 1944 дар мубориза бар зидди душман дар ноҳияҳои Ятсковсе ва Мшана ҷангида, ярадор шудааст. Чанд муддат дар госпитали ҳарбӣ бистарӣ шуд. Марги нобаҳангом ӯро 17 июли соли 1944 ба коми худ кашид. Мутаассифона, оиди  дар куҷо ба хок супоридани аскари шуҷои тоҷик Толибшоҳ Ҷумаев маълумоти аниқ дар даст надорем.

Ҳаминаш аниқ, ки ӯ бо медали «Барои шуҷоат» ва ордени «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаи III мукофотонида шудааст. Шояд бо дигар ордену медалҳо ҳам сазовор гардида бошад. Аммо аз ин хусус санаду ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар даст надорем.

Ҳамсари ҷанговари шаҳид Маҳмилнора Ятимова яке аз занони фаъолу пешқадам ва аз аввалин муаллимаҳои ноҳияи кӯҳистони Сангвор ба ҳисоб меравад. Чун муаллимаи кордон ва ташкилотчӣ аз ҳавзаи интихоботии Сангвор №264-и ноҳияи Сангвор, солҳои 1938 – 1941 даъвати якум вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст.

Хешовандони шаҳиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ Толибшоҳ Ҷумаев имрӯзҳо дар деҳаи Рини ноҳияи Ишкошим сукунат доранд ва хотираи ӯро ҳамеша пос медоранд.

Илҳом ҚУРБОНШОЕВ, аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон