Ту Ваҳдат аз дили бекина омӯз…

№82 (3228) 24.07.2014

ё худ вокуниш ба мақолаи «Тақдири Хоруғ — дар дасти ҷинояткорон» («Садои мардум» аз 8 июли соли 2014 № 74)

 Зиндагӣ пастиву баландӣ, шодиву нокомӣ ва умеду ноумедиҳои худро дорад. Бузургон фармудаанд: «Аз сари фарзанди Одам ҳар чӣ ояд бигзарад». Мақсад аз навиштани ин сатрҳо на сафед намудани касе ё худ акси ҳоли воқеият, балки ирсол намудани вокуниш ба маводе таҳти унвони «Тақдири Хоруғ-дар дасти ҷинояткорон»-и муаллиф М.Шерзамонов аст.

Дар ҷустуҷӯйи муаллиф афтода, дарк намудам, ки ном якеву насаб дигар аст. Бовар кунед, ба ҳоли Хоруғи зебо дилам сӯхт. Наход ҷуръате пайдо намуда, касе бигӯяд, ки тақдири Хоруғ дар дасти ҷинояткорон аст. Он Хоруғ, он шаҳри афсонавие, ки ҳанӯз аз даврони гузашта чун маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб мерафт. Он Хоруғе, ки тамоми сокинони вилояту  берун аз он бо ифтихор «Нигини Бадахшон»-аш меномиданду дар васфаш шеърҳо эҷод мекарданд ва  ҳар як кафи хокашро муқаддас дониста, онро чун гавҳараки чашм ҳифз менамуданд.

Муаллиф хуб дарк намудааст, ки ягон сохти давлатдорӣ аз уҳдаи пурра решакан кардани ҷинояткорӣ набаромадааст.  Ҳатто дар даврони  шӯравӣ ин падидаи номатлуб ҷой дошт. Мехостам махсус зикр намоям, на ба он тарзе, ки муаллиф онро мулоим карда нишон додааст, балки ба таври боз ҳам сахттар. Масалан, ба хотир биёрем давраи босмачигариро дар Тоҷикистон, ки то даҳаи аввали солҳои сиюм давом дошт (моҷарои Анвар Пошшо, хурӯҷи Иброҳимбек). Гӯё ҷинояткорон ба сиёсати давлат дахл намекардаанд. Магар кӯшиши онҳо барои аз  байн бурдани сохти давлатдорӣ бо таҳрики хоҷаҳои хориҷиашон набуд? Магар гурӯҳҳои силоҳбадасти Назди Балтика ва Ҷануби Украина, ки то солҳои 50- ум арзи ҳастӣ доштанд, фаромӯш шудаанд? Иттиҳоди Шӯравии абарқудрат ин падидаҳои номатлубро зина ба зина аз байн бурд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ҳар давру замон ҳизбҳо ва созмонҳо барои пиёда сохтани ҳадафҳои худ аз одамон ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша истифода мекарданд ва Хоруғи мо аз ин тарзи сиёсат истисно нест. Изофа бар он, мавқеи ҷуғрофии шаҳр низ ба равандҳои ташаккули вазъи ҷиноии дохилӣ бетаъсир намемонад. Дурӣ аз манотиқи марказии ҷумҳурӣ, наздикии бевосита бо Афғонистони ҷангзада ва тавлидкунандаи маводи мухаддир, фаъолияти тахрибкоронаи хадамоти махсуси мамолики манфиатхоҳ бо истифода аз қувваҳои ифротгарои дохилӣ, дар маҷмӯъ, вазъиятро муташанниҷ мегардонанд.

Албатта, дар рух додани қазияи моҳи майи соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чандон бегуноҳ нестанд. Онҳо то андозае  бесалоҳиятии худро нишон доданд. Набояд дар рӯзи равшан, дар маркази шаҳр, дар байни издиҳоми мардум амалиёти боздоштро пиёда мекарданд. Ин амали онҳо бо фоҷиа анҷом пазируфт ва осиёби сиёсатмадорони ба ном «ватанхоҳ»- ро дар гардиш овард. Онҳо зуд  лаҷоми вазъиятро ба даст гирифтанд ва мардумро, махсусан ҷавонон ва наврасонро, ба майдон кашиданд.  Маълум аст, ки пешвоёни ин гирдиҳамоӣ аз куҷо ғизои маънавӣ мегирифтанд.

Муаллиф, мутаассифона, ба вазъи шаҳри Хоруғ яктарафа, аз диди шахсӣ баҳо медиҳад ва заҳматҳои шабонарӯзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро баҳри решакан кардани ҷинояткорӣ, ободонӣ, пешбурди иқтисодиёт ва таълиму тарбияи наврасон ва ҷавонон нодида мегирад. Агар ҳукумат дар дасти ҷинояткорон мебуд (аз муҳтавои мақола ҳамин мақсад бармеояд), магар шаҳри Хоруғ дар ин муддати кӯтоҳ ба ин  пешравиҳо ноил мегардид?

Тайи солҳои охир маркази вилоятамон ба як шаҳри замонавию зебо мубаддал гашт. Ифтитоҳи  шоҳроҳҳо тавассути Хоруғ ба  маркази мамлакат  ва давлатҳои хориҷии ҳамсоя,  сохтмони пулҳо аз болои дарёи Панҷ, бунёд  гардидани неругоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкили донишгоҳи олӣ ва омӯзишгоҳҳо, сохтмони мактабҳои  нави замонавӣ ва такмили онҳо, шифохонаҳо ва дармонгоҳҳо, биноҳои истиқоматӣ  ва маъмурӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, ба роҳ мондани кори мунтазами бозорҳо, ривоҷ ва равнақи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, таъмири роҳҳо ва чароғонкунонии маркази шаҳр шаҳодати онанд,  ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ зимоми ҳукумат ва роҳбарии шаҳрро дар дасти худ дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ пайваста дар талоши таълиму тарбияи (он кори якрӯза ва ё яксола нест) насли ҷавон дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ, интихоби роҳи дуруст ба сӯйи фардо мебошад. Дар робита ба ин, як қатор маъракаҳо, аз қабили «рӯзи дарҳои кушода» дар қисмҳои ҳарбӣ, дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва  Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев гузаронида мешаванд. Истироҳат ва таълими наврасон дар давраи таътили тобистона дар ҳудуди мактабҳои шаҳр, урдугоҳҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудааст. Барои ба даст овардани ихтисос ё ихтисоси дуюм, шумораи зиёди ҷавонони шаҳр дар Маркази таълими касбии калонсолони назди Агентии шуғли аҳолӣ дар вилоят соҳиби ихтисосҳои гуногун гаштанд. Мувофиқи шартномаҳои байнишаҳрии Россия ва Тоҷикистон теъдоди зиёди ҷавонон барои кор дар корхонаҳои  ин мамлакат равон карда мешаванд. Дар доираи шаҳр мунтазам мусобиқоти гуногуни варзишӣ, вохӯриҳо бо варзишгароне, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он муваффақ гардидаанд, гузаронида мешавад. Қариб дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳр майдончаҳои варзишӣ сохта ва ё аз таъмир бароварда шуданд.

Ҳеҷ гоҳ падару модарон аз тарбияи фарзандонашон дар  канор нестанд. Бояд эътироф намуд, ки мисли дигар ҷойҳо, дар шаҳри Хоруғ ҳам  оилаҳои носолим вуҷуд доранд, ки ангуштшуморанд  ва фарзандони ин қабил одамон боиси содир намудани ҷиноятҳо мегарданд. Дар баробари ин, бояд қайд намуд, ки дар шаҳр, ба тариқи таҷрибавӣ, Кумитаи кор бо маҳаллаҳои шаҳр, ки нав таъсис дода шудааст, фаъол аст ва бо халифаҳо ва намояндагони дин алоқаи зич дошта, корҳои маърифатиро дар шаҳр ба тарзи лозимӣ ба роҳ мондааст.

Шигифтангез он аст, ки муаллиф муваффақиятҳо, симои зебои шаҳр, рушди иқтисодии Хоруғро намебинад.  Ё худ дарк намекунад, ки чунин даргириҳо дар тамоми ҷаҳон ба чашм мерасанд, вале онҳо зери назорати Ҳукумат қарор доранд. Хело хушоянд мебуд, агар муаллиф ҳақиқати ҳолро пурра баррасӣ менамуд, на ба шакли ифтихор аз он ки дар Хоруғ бесарусомониҳо лаҳзае рӯйи кор омаданд, ки… балки бо таҳлилҳо,  бо дарки ватандӯстиву ватандорӣ.

Ҳеҷ бовариам  намеояд, ки шахси солхӯрдае аз зиндагии  сокинони ягона шаҳр дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон- Хоруғ бехабар бошад. Муваффақиятҳои аз соли 1992 то имрӯзаро сарфи назар намудан чунин маънӣ дорад, ки аз пешравиҳо ифтихор  намекунем, балки ба заҳмати мардуми одии шаҳр ва мақомоти иҷроияву сохторҳои қудратӣ рӯякӣ баҳо медиҳем.

Аз соли 1992  то имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, чун дигар манотиқи кишвари азизамон, чӣ қадар инсонҳо қурбони нофаҳмиҳо ва даргириҳо гардиданд, ки барои касе  пинҳон нест.

Мардуми шарифи шаҳри Хоруғ ба қадри осудагиву Ваҳдати миллӣ хуб мерасад, аммо бояд қайд намуд, ки зиддиятҳову нофаҳмиҳо бо ҳам тавъаманд.

Соли 1992 маҳз шаҳри Хоруғ оғӯши худро барои «гурезаҳо» кушода буд ва аз тамоми гӯшаву канори кишварамон одамон  рӯ ҷониби шаҳри Хоруғ оварданд. Ба буҳрони иқтисодии кишвар нигоҳ накарда, тифоқ буданд. Барои ҳифзи якпорчагии хоки муқаддаси Ватан фидоиён бисёр буданд. Дар осудагии кишвар саҳми гурӯҳҳои дар он солҳо бо ном «мухолиф» низ кам набуд. Инсонҳои зиёде дарк намуданд, ки танҳо Ваҳдату ягонагӣ  миллат ва давлатро аз вартаи ҷангу ноумедиҳо раҳоӣ мебахшад.

Муаллиф арз доштааст, ки «Тақдири Хоруғ дар дасти ҷинояткорон аст», лекин афсӯс, андешаи онро нанамудааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ дар шаҳр аз ҷониби мақомоти дахлдори шаҳру вилоят ниҳоят пурзӯр карда шудааст. Тамоми муваффақиятҳои шаҳрро сарфи назар кардан ва ба тақдири  шаҳр кӯр – кӯрона назар афкандан хуб нест. Бале, мо бори дигар такрор мекунем, ки ягон гунаҳкорро сафед карданӣ нестем.

Муаллиф мегӯяд, ки «ҳақиқат талх аст», лекин Тоҷикистони ҷавони мо дар натиҷаи буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ озор ёфт ва инсонҳоро ба буҳрони маърифатӣ оварда расонд.

Бо вуҷуди ин, ба ҳамаи душвориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ нигоҳ накарда, сокинони шаҳр пайваста баҳри он мекӯшиданд, ки фазои шаҳр ором бошад. Дар Бадахшон, минҷумла шаҳри Хоруғ, ягон заводу фабрикаи пуриқтидор кор намекард. Ҷавонони солимфикр аз пайи ризқу рӯзии хеш шуданд. Корхонаҳои хурд, мағозаҳои  нав пайдо шуданду иқтисодиёт каме ҳам бошад, пеш рафт.  Модарон шукрона мекарданд, ки Тоҷикистони азизро Роҳбари тавонои давлат аз вартаи ҳалок берун баровард. Зиндагӣ маҷрои нав гирифт. Одамон  аз паси беҳбудии зиндагии худ гардиданд. Бо дастгирии Президенти кишвар занони соҳибкор соҳиби грантҳо шуданд, Хоруғ рушд карда истодааст.

Агар тақдири шаҳр танҳо дар дасти ҷинояткорон мебуд, сокинони шаҳри Хоруғ дар интихоботи Президенти кишвар 98,6 фоиз ба ҷонибдории  Сарвари давлат овоз намедоданд. Ё худ дар маводи муаллиф омадааст: «Баъди соли 1992 шаҳри Хоруғ ба гурӯҳу гурӯҳчаҳои олами ҷиноят тақсим шуд ва ҳар кӯчае пешво ва фармонравои худро дошт: Геси Боло, Бархоруғ, Мясокомбинат, УПД, Шошхоруғ, Хичордев ва ғайра…»

Наход муаллиф надонад, ки инҳо маҳаллаҳои шаҳранд ва ҳанӯз аз даврони шӯравӣ номгузорӣ шудаву ифтихори сокинонанд ва набояд фаромӯш сохт, ки маҳз дар ҳамин маҳаллаҳо родмардони Ватан, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Сайфулло Абдуллоев, Кирмоншои Хубоншо, Тилло Пӯлодӣ, Иброҳим Исмоилов, Қамарабдол Шабдолов, Қонун Қирғизбеков, Маҳмадато  Иҷубов,  шоирони халқ Мирсаид Миршакаров, Ширин Бунёд ва дигар фарзандони содиқи Ватан боли парвоз кушодаанд.

Ҳеҷ ҷойи пинҳон кардан нест, ки зиндагии осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли ҷавони мо, рушди бемайлони он на барои ҳама писанд аст.  Пайдо шуданд нафароне, ки бо гургон майли шикор доштанду бо шубонон мегиристанд. Он одамон низ аз назари сохторҳои қудратӣ пинҳон намонданд. Онҳо буданд, ки барои пулу мол Ватани азизи худро қариб ба нестӣ баранд. Шояд фаромӯш кардаанд, ки Тоҷикистони имрӯза дигар он Тоҷикистони солҳои 1990-ум нест. Тоҷикистони кунунӣ, ки дар он Ваҳдат  пояи мустаҳкаме дорад, акнун ба Истиқлолияти комил расидааст.

Мардуми шарифи шаҳри Хоруғ медонанд, ки маҳз  матонат, ҷасорат, шуҷоат ва ватандӯстии Сарвари кишвар  Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мардуми тоҷик сарҷамъ шуд, ба хонадонамон сулҳ омад, Ватанамон ободу шукуфон гардид. Мо бояд чун Сарвари оқилу доноямон дили саршор аз  муҳаббати ватану бекинае бояд дошта бошем ва ҳеҷ гоҳ ин панди бузургонро набояд фаромӯш созем:

 

Ту Ваҳдат аз дили бекина омӯз,

Тариқи ростӣ з-оина омӯз.

 

Интихоби якдилонаи Президенти мамлакат дар соли гузашта ягонагӣ, ихлосу эътимод ва Ваҳдати умумимиллиро дар роҳи созандагии кишвар нишон дод ва рушди муътадили ҷомеаро таъмин намуда, барои ҳалли масъалаҳои зиёди иҷтимоӣ, иқтисодӣ имконияти васеъ фароҳам овард.

Муаллиф қайд намудаст: «… мори афъӣ ҳатман бояд то охир саркуфта бошад… ».

Аҷабо, чӣ нияте дошта бошад муаллиф? Шояд ба сохторҳои қудратӣ дастур доданӣ аст, ки дар баробари мор морона рафтор бояд кард?! Пас, тақдири занону кӯдакон, ки ба қавли муаллиф, ҷинояткорон дар зери домон ва шонаҳои заифи онҳо паноҳ шудаанд, чӣ мешавад?

Набояд фаромӯш кард, ки ҳар кас бояд кори худашро анҷом диҳад. Кунун давлати мо соҳибқудрат аст. Ягон «мори афъӣ» наметавонад моро маҳв созад, зеро позаҳри мо — Ваҳдат устувортарин доруест дар муқобили ҷаҳолат ва нофаҳмиҳо.

Бо супориши Сарвари давлат ба шаҳри Хоруғ гурӯҳи тафтишотӣ таҳти сарварии Ёрдамчии Президент, муҳтарам Шералӣ Хайруллоев сафарбар гардид. Ин худ гувоҳи он аст, ки Хоруғ тақдирҷунбони боэътимоди худро дорад ва сокинони шаҳр аз ин ифтихор доранд. Сокинони шаҳр боз аз он ифтихор доранд, ки Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: «Бадахшон (яъне Хоруғ ҳам) чун сарзамини бойигариҳои табиӣ шуҳрат дошта бошад ҳам, ман деҳқонони хоксору заҳматкаш, зиёиёни ватанпарвару меҳнатдӯст ва ҷавонони баору номуси ин диёрро бойигарии воқеии кишвар мешуморам».

Воқеан ҳам шаҳри Хоруғ имрӯз ба як шаҳри зебои замонавӣ табдил ёфтааст. Ҳоло дар ин ҷо бори аввал аст дар таърихи шаҳр, ки сохтмони биноҳои нуҳошёна оғоз гардидааст. Магар тақдири Хоруғро метавон гуфт, ки бо чунин пешравиҳо дар дасти ҷинояткорон аст? Магар ҷинояткорон ин ҳамаро сомон медиҳанд?

Имрӯзҳо дар маҳаллаҳои шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободонӣ вусъати тоза гирифтаасту Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури сокинони он гардидааст.

Бояд ба зиндагӣ бо чашми дил нигарист. Он гаҳ    метавон симои шаҳри афсонавии моро нурборон аз Ваҳдат дид. Хоруғ макони алоҳидае дар ҷангал  набуда, як шаҳри зебое дар Тоҷикистони тозаистиқлоли мост ва соҳибони худро дорад, ки қисмати онро ба ягон ҷинояткоре вогузор нахоҳанд кард.

Сокинони одии шаҳр таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ба меҳнати бунёдкорона ва созанда машғуланд.

Имони комил дорем, ки имрӯз касе ва неруе наметавонад бо ниятҳои нопоки худ муҳити моро халалдор созад ё худ тақдири шаҳри ягонаи моро ҳал намояд.

Имомбердиев Фаромуз Худомонович, раиси шаҳри Хоруғ