Ванҷ ба минтақаи содиротии Бадахшон табдил хоҳад ёфт

№58-59 (3043-3044) 17.05.2013

Дар доираи нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ҷиҳати таҳкими минбаъдаи равобити мақомоти давлатӣ бо мардум, шиносойӣ бо вазъи воқеии рушди иқтисодию иҷтимоии деҳот суҳбату мулоқотҳоро бо намояндагони тамоми табақаҳои ҷомеа дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ванҷ анҷом дод.

Нахуст мулоқоти раиси вилоят бо сокинони деҳоти «Язгулом» дар  деҳаи зебоманзари Андарбак ҷараён гирифт. Воқеан, ин деҳа яке аз он рустоҳои Кӯҳистони Бадахшон мебошад, ки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни як сафараш ба Бадахшон аз он дидан ва бо мардуми водии Язгулом дидорбинӣ намуда буд. Ин дидорбинии муқаррарӣ набуд, зеро он вақт Роҳбари давлат ба фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Андарбак» ҳусни оғоз бахшид.

Зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани Неругоҳи хурди барқии обии «Андарбак» Роҳбари давлат чунин иброз намуд: «Ба истифода додани неругоҳи барқи обии «Андарбак» як воқеаи фараҳбахш буда, минбаъд аз шарофати он як силсила деҳаҳои дараи Язгулом чароғон мегардад. Ин имкон медиҳад, ки қисмати зиёди мушкилоти мардуми деҳоти кӯҳистон аз миён равад, сатҳи зиндагии мардум баланд шавад. Мардум аз тамошои барномаҳои телевизион ва радио баҳраманд гарданд. Мо минбаъд ҳам ба таъмини қувваи барқ дар ин минтақа эътибори ҷиддӣ хоҳем дод». Воқеан ҳам мувофиқи гуфтаҳои Сарвари давлат   Эмомалӣ Раҳмон дар  даврони соҳибистиқлолии кишвар дар деҳоти кӯҳистон як қатор иншооти энергетикӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Соли гузашта дар деҳаи Мотравн нахустсанги сохтмони неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори 300 киловатт гузошта шуд ва рӯзҳои наздик бунёди он шуруъ мешавад. Дар ин рӯзҳо хатти 35 — киловаттаи барқ аз деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз то сероҳаи Ванҷ, дар минтақаи Ҳумроғӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад ва кашидани хатти 35 — киловатта аз деҳаи Вознавд то деҳаи Шипади ноҳияи Рӯшон шуруъ мегардад. Баъдан ин кор то водии Язгулом ва аз Язгулом ба деҳаи  Ширговади деҳоти «Техарв» идома дода мешавад. Ҳамин тариқа, шабакаҳои энергетикии ҷумҳурӣ чун силсилазанҷир бо ҳам пайваст ва таъминоти неруи барқ дар тамоми минтақаҳои поёнии вилоят беҳтар мегардад.

-Корҳои мазкур,-  афзуд Қодири Қосим, -дар ду — се соли оянда анҷом  дода мешаванд. Айни замон корҳои омӯзишӣ барои бунёди неругоҳҳои барқи обии «Себзор» ва «Санобод»  идома дорад, баъд сохтмони онҳо шуруъ мегардад. Мавриди истифода қарор гирифтани ин неругоҳҳо шароит фароҳам месозад, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истиқлолияти комили энергетикӣ таъмин ва вазифаи стратегии давлат  дар ин самт пурра ҳалли худро ёбад.

-Яке аз ҳадафҳои стратегии Давлат баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ буд, ки дар Бадахшон воқеан ҳам он ҳалли худро ёфт,- гуфт раиси вилоят.              — Бунёди роҳи Кӯлоб – Бадахшон, Мурғоб – Кулма, чор пули мошингард аз болои дарёи Панҷ ба  ин мусоидат намуданд. Айни замон ҷиҳати ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани  шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Кулма Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуда истодааст. Сохтмони чор кӯпруки калони мошингард тибқи лоиҳаи махсус дар минтақаи Шӯрообод — Обинёв идома дорад ва то охири сол мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар ду — се соли оянда ҳамчунин  навсозии роҳи Қалъаихум – Мурғоб бо маблағгузории беш аз як миллиард доллари амрикоӣ дар назар аст. Дар ин минтақаи шоҳроҳ дар марҳилаи аввал 43 кӯпруки калони мошингузар мавриди  таҷдиду навсозӣ қарор мегиранд. Дар баробари ин, таҷдиди роҳи Сари Ҷар – Тавилдара — Сағирдашт – Қалъаихум низ аз назари Ҳукумати ҷумҳурӣ дар канор намондааст. Президенти мамлакат дар маҷлиси ҷамъбастии солонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба идораву муассисаҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар ин бора супоришҳои мушаххас доданд.

-Дар қаламрави вилоят, — гуфт раиси вилоят,- ҳамчунин масъалаи аз бунбасти  иттиллоотӣ баромадан комилан ҳалли худро ёфтааст. Имрӯз тариқи шабакаҳои  телефонии мобилӣ сокинони дурдасттарини деҳоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла сокинони водии Язгулом, бо тамоми ҷаҳон алоқаи доимӣ доранд. Пайваст гардидан ба шабакаи ҷаҳонии Интернет имконият фароҳам овардааст, ки  сокинони вилоят дар кӯтоҳтарин вақт бо рӯйдодҳои ҷаҳон шинос гашта, мубодилаи ахборро бо тамоми минтақаҳо анҷом диҳанд. Айни замон аз 182 ҳазор сокини вилоят 162 ҳазор нафар телефони мобилӣ доранд. То замони истиқлолият дар вилоят  теъдоди автомошинаҳо аз 2000 адад беш набуд, имрӯз бошад, он рақам ба 9,5 ҳазор расидааст ва ин нишони он аст, ки сатҳи зиндагии мардум хеле боло рафтааст. Зикр гардид, ки бист соли охир симои деҳоти «Язгулом» низ дигаргун гаштааст ва ҳамаи ин самараи Истиқлолият, Ваҳдат ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати дурандешонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати  кишвар мебошад. Раиси вилоят инчунин зикр кард, ки бо вуҷуди камзамин будани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба амалӣ намудани амнияти озуқавории мамлакат корҳои муайян иҷро карда мешаванд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят дар муқоиса бо соли 2000- ум 5,6 баробар афзуда, дар соли 2012 бештар аз 450 миллион сомониро ташкил дод. Тибқи супориши Роҳбари давлат ҳар сол дар вилоят беш аз 150 – 200 гектар заминҳои нав аз худ карда мешаванд, ҳолати мелиоративии заминҳо рӯз то рӯз беҳтар мегардад.

Ҳамчунин диққати ҳозирин ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷалб карда шуд.

-Амалӣ гардидани ин қонунҳо ба фаъолияти ҳар як узви ҷомеа алоқамандии зич дорад ва онҳо воқеан ба боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, ахлоқу маънавиёти ҷомеа мусоидат менамоянд.

Дар мулоқоте, ки раиси вилоят бо сокинони деҳоти «Водхуд», «Ванҷ», «Ҷовидон», «Техарв»- у «Рованд» доир намуд, аз  дастовардҳои Истиқлолият, Ваҳдат, корҳои созандагию ободкорӣ сухан рафт, аз нақша ва барномаҳои азиме, ки баҳри рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои наздик бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, ёдоварӣ ва нисбати баъзе камбудиҳое, ки ҳалли онҳо бевосита ба худи сокинони маҳал алоқаманд аст, изҳори назар карда шуд. Зикр гардид, ки Ванҷ нисбати дигар минтақаҳои ВМКБ барои рушди кишоварзӣ, бахусус боғдорию картошкакорӣ, имконияти фаровонтар дорад. Агар захираю имкониятҳо дар ин самт хуб истифода шаванд, ноҳия метавонад ба яке аз минтақаҳои содиротии меваю сабзавот, на фақат дар вилоят, балки  ҷумҳурӣ, табдил ёбад. Дар суҳбату мулоқотҳо, сокинони ноҳия сипосгузории хешро аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар самти иқтисодию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи рӯзгори мардум баён намуданд. Мӯйсафеди 82 – сола Муродалӣ Кашонов аз деҳаи Андарбак аз сафари Роҳбари давлат ба ин деҳа ёдоварӣ намуда гуфт, ки Роҳбари давлат бо худ ба Язгулом нури ваҳдат, Истиқлолият овард ва аз қудуми сафарашон деҳоти ин гӯшаи кӯҳистон ободу нуристон гашт. Сокинон ҳамзамон дархосту пешниҳодоти  хешро оид ба таъмири каналу роҳҳои мошингард, мактабу муассисаҳои фарҳангӣ, бунёди толору майдонҳои варзишӣ пешниҳод намуданд ва раиси вилоят дар ҷавоб гуфт, ки дар доираи имкониятҳои  мавҷуда онҳо иҷро хоҳанд гашт.

 Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»