Вой аз ин мусалмонӣ

№117 (3102) 21.09.2013

Ҳафтод соли даврони Шӯравӣ дар фазо ва муҳити яккаҳизбӣ пушти сар шуд. Пастиву баландиҳои ҷомеа ва  шикасту рехти рӯзгори мардум дар зарфиятҳои ҳизби коммунист ҷилва мекарданд. Ҳама қишрҳои ҷомеа дар симои ин ҳизб пуштибон ва роҳбалади ҳаёти худро медиданд. Аҳолии понздаҳ ҷумҳурии бародар бо садоқату самимият ва сипосгузорӣ кору фаъолият доштанд.

Ҳизби муқтадири коммунистӣ моҳияти зиндагӣ, қадру қимати инсон ва дӯст доштани Ватану арҷгузорӣ ба муқаддасотро ба мардум омӯзонду талқин кард. Яъне, рисолати мавҷудияти худро то пошхӯриаш иҷро намуд.

Ҷумҳуриҳои бародар чун чӯҷаҳои нав паррончакшуда дар фазои барояшон чандон номувофиқ бол кушоданд. Мустақилият навбат ба навбат насибашон шуду ба мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давраи ҳассоси таърихӣ ба кашмакаши ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ гирифтор гардид.

Пироҳани навдӯхтаи Ватани азизи мо дар гирудорҳо ончунон пора-пора шуд, ки тарроҳон ба дарбеҳ карданаш умед надоштанд.

Дар ҳамин давраи ҳассос бо ҳукми тақдир рисолати таърихии миёншикани бунёди Тоҷикистон ба дӯши фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон вогузор шуд. Роҳбарону роҳбаладони ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси сиёсӣ хешро аз фазои парешонӣ ба камин заданду тибқи нақшаҳои хоҷагони хориҷӣ боз амалиётро оғоз карданд.

Он қадар қумандонҳову фармондеҳоне чун замбурӯғони баъди борон пайдо шуданд, ки аскарони тобеашон сару калоба гум карданд. Дар ин саҳнаи пурмоҷарои театри сиёсии раҳгум Ҳизби наҳзати ислом, ки нақшаи генералиаш солҳои ҳафтодуми асри ХХ тарҳрезӣ гардида буд, ба ҷилва даромад. Коргардонҳои хориҷӣ сенарияҳои нав ба навро ба нимчамуллоҳое, ки саллаву ҷелакро ба мех овехтаву ба сар «панама» ва ба тан «комуфляж» пӯшида буданд, пешниҳод мекарданд. Пайрави буқаламун гаштанду дигар муҳраи тасбеҳ не, донаи тирро мешумориданд. Ба гардани ҷавонони роҳгумзада ҳамели тири Калашниковро меовехтанд ва ҳамроҳи онҳо бо баромадани ҳар тир аз мили камон номи Аллоҳро зикр мекарданд. Оқибат аз ин амали нораво аз зикр монданд.

Дар ин талотумҳо хоки Тоҷикистони ҷавонро ба хун оғӯшта кардаву ба худоихӯрӣ пардохтанд. Банда ин ғазалро дар айёми сиёҳкориҳо рӯйи коғази сафед овардам:

Ё Раб гуноҳи тафриқа бори кӣ мекунӣ?

Шабҳои ғуссабор нисори кӣ мекунӣ?

Ин тифли ширхораро баъди сари падар,

Дар чанги ғам ниҳодаву зори кӣ мекунӣ?

Эй тоҷико, зи нони худоӣ гулӯ гирифт,

Тиру камон гирифта шикори кӣ мекунӣ?

Беномусони даҳр пушаймон намешаванд,

Ғавғо ба гӯши зангӯладори кӣ мекунӣ?

Фарҳоди кӯҳкан раҳи гӯру лаҳад гирифт,

Ширини раҳнадида нигори кӣ мекунӣ?

Эй дил, ҳамида бош, ки дунё ғанимат аст,

Худро даруни сина фигори кӣ мекунӣ?

Тоҷикро мекуштанду дар лаҳад намонда, ба худоихӯрӣ мепардохтанд ва ба лабҳо хок молида, аз пайи амалиёт мешуданд. Ба таъбире:

… тӯдае дар лаҳзаи ҷон канданаш не,

Дар дами бигзоштан бар мадфанаш не,

Бар дари анбори донаш омаданд,

Нонхӯракҳо бехабар дар рӯзи нонаш омаданд.

Роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом аз ин шӯру талотуми дарҳамбарҳамӣ ва фоҷиаи Ватану миллат сабақ нагирифта, фаъолияти ҳизби ба ислом нодаркорро то кунун идома медиҳанд. Ҳарчанд аз минбарҳо бо далелҳои қотеъ олимони дини ислом исбот карданд, ки мавҷудияти ҲНИТ ҳеҷ зарурате надорад, аммо масъулинаш хешро нодидаву ношунида вонамуд мекунанд. «Такрор модари дониш» -гуфта, таъкидан аз Қуръони карим ёдовар мешавам: «Ал явма акмал тулакум динакум». Яъне, Худованд ба Рисолатпаноҳ мегӯяд: «Мо барои ту дини комил иноят кардем». Дине, ки таҳриф намешавад ва ҳеҷ зарурате ба пайвастани ҳизбу ҳаракат надорад. Пас, ба таъбире роҳбаладони дини ислом чӣ гуна ҷуръат мекунанд, ки дар муқобили фармудаи Худованд дар ҳавои ширк истодагарӣ кунанд? Ҳама шоҳиданд, ки ҳизби наҳзат аз оғози фаъолият то имрӯз ҷуз тухми низоъ коридан кореро анҷом надодааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мумфаршкунӣ як тараф, сангеро аз роҳ беҷо накардаанду ноқиле ба неругоҳи хурди барқӣ пайваст нанамудаанд. Фақат дар масҷидҳои сохтаи Ҳукумат ва соҳибкорон ба ҷойи намозгузориву саҷдаи шукрро ба ҷо овардан, нақшаи тафриқаандозиро кашиданд. Рубоии домулло Умеди Роғунӣ ҳушдорест барояшон:

Дар ҳар қадаме барои мо сад дом аст,

Дар дом фитад ҳамон касе, к-ӯ хом аст.

Ҳизбе, ки миёни мо низоъ андозад,

Дар зери ниқоби наҳзати ислом аст.

Дар як мулоқоти ҳизбӣ (дар ш. Роғун с.1997) дар шоҳидии ҳамаи тарафдорони Муҳиддин Кабирӣ домулло Умед рӯ ба рӯяш чунин изҳор карда буд:

«Бародари азиз! Шояд шумо вазифаи беҳтарин дипломатро иҷро карда тавонед ё вазири намунавии ягон вазорати Тоҷикистон бошед. Аммо, тавре ки аён аст ҳеҷ ниёзе ба раисии ҲНИТ дар шумо эҳсос намешавад. Ва дини мубини исломро ба ягон ҳизбу ҳаракат тавъам накунед».

Аз ин суханони ошкоро 16 сол сипарӣ шуд, аммо ба муҳтарам Кабирӣ асаре нагузошт. Эроди мазкурро аъзои ягон ҳизби сиёсӣ ё роҳбари ташкилоту идораи давлатӣ не, олими дини ислом пешниҳод кард. Дар тақвияти ин эроди таърихӣ изҳороти асосноки мулло Абдураҳим оид ба мавҷудияти ҲНИТ дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар мушаххас баррасӣ шуд. Аз ҳамон рӯз мардум огоҳӣ пайдо карданд, ки шомил ё аъзо будан ба ҳизби исломӣ кори хатост ва пайи ҳам риштаи эътимоду эътиқоди худро аз калобаи ҲНИТ канданд. Изҳороти худдорӣ аз фаъолияташонро, ки аксараш бехабар номнавис шудаанд, тавассути шабакаҳои телевизионӣ аз ҳама гӯшаву канори мамлакат баён доштанд.

Ҷилваи бемаврид дар маҳзари сиёсати ваҳдатофар ба ҷуз бехирадӣ чизи дигаре нест. Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар партави ҳидоятҳои раҳнамунсози Сарвари гиромиқадраш сиёҳро аз сафед ва бадро аз нек хуб дарк кардаанд. Дигар аз куфу суфи муллотарошону тангназарони наҳзатӣ наметарсанд. Зеро, ояти шукронаро аз болои ҷонамози садоқату самимият дар рӯ ба рӯйи меҳроби худшиносӣ мехонанду сар ба саҷда мегузоранд.

Восеъ нашавад дигар кас аз ҷилваи беш,

Ҳарчанд ба по кунад агар шӯриши хеш.

То аз пайи ризқи худ набини ташвиш,

Не салла мадад дораду не қабзаи риш.

Як мисоли дигар. Чаро дар Тоҷикистон уламои машҳури дини ислом — эшони Сорбонхӯҷа, домулло Ҳикматулло, эшони Абдураҳмонҷон ва амсоли инҳо талоши бунёди ҳизбро дар ислом накарданд ва дар сар андешаи ин мавзуъро надоштанд? Зеро, шахсиятҳои бузурги дини ислом аз доираи фармудаи Худованди карим ва аз маҳзари оятҳои Каломи шариф лаҳзае ғофил набуданд.

Мардуми мусалмони Тоҷикистон хуб медонанд, ки чӣ гуна намоз гузоранду кай ва дар кадом ҳолат ба даргоҳи Худованд рози дил кушоянд ва нигоҳашон изҳор мекунад, ки:

Сураи «Ал-ҳамд»-ро бе ҳизб медонем,

«Қул ҳуваллоҳу Аҳад» бе ҳизб мехонем

 Сар ба саҷда,

Сӯйи қибла,

Дастҳо болои ҳам бе ҳизб мемонем.

 

Бе ҳамин ҳизбе, ки ҳизбуллоҳи оҳ аст,

Мо худирову Худоро мешиносем.

Бе қазоват мо қадаррову қазоро мешиносем,

Дарди моро ҳизби ҷоду нестдармон,

Бе даводав ҳам табиби сад даворо мешиносем.

Аз иттилои расонаҳои хабарии дохил ва хориҷи кишвар воқиф шудаем, ки аъзои ҲНИТ ва нимчамуллоҳои навбаромад ба чӣ амалҳои зишти гӯшношунид даст задаанд, ки аз рӯйи таълимоти ислом ҷуброннашавандаанд. Қатлу куштор, таҷовуз ба номус ва ғайбату буҳтон зуҳуроти номатлубеанд, ки на Худо мебахшаду на банда. Чунин қазияҳо дар ҳар мамлакате рух диҳад, дар домони нангу номуси миллат ва фарҳангу маънавиёташ доғи сиёҳеро боқӣ мегузорад, ки пок намудани он дар чанд даҳсола амри муҳол аст.

Шукру сипоси беҳад, ки Худованд кариму раҳиму ҳалим аст:

Аҷаб сабре Худо дорад, ки парда барнамедорад,

Вагарна бар замин афтад зи ҷайби муҳтасиб мино.

Агар имрӯз мавҷудияти масҷидҳоро дар қаламрави кишвар бо чандин ҳалқаи тасбеҳи муллоҳо шуморем ҳар донаи тасбеҳ ба зикр омада, калимаи шукрро ба гӯши мо талқин мекунад.

Ва агар ташаббусҳои Сарвари муаззами миллат- Эмомалӣ Раҳмонро дар боби фарҳанги исломӣ чӣ дар дохил ё чӣ дар хориҷи кишвар ёдовар шавем, назирашро пайдо намекунем.

Агар ҳамаи инро нодида бигиреду муртакиби гуноҳи хеш бошед, пас то қиёмат ин мисраҳои Нодирпур дар мисоли тавқе ба гарданатон овезон аст:

Пӯзиши гуноҳҳоро ғайр аз ин наёрам гуфт:

Вой аз ин мусалмонӣ,

Вой аз ин мусалмонӣ!

 Давлат Сафар