Ворух марзи номус аст

№44 (4306) 08.04.2021

ворух суратЧанде пеш изҳороти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев дар бораи иваз кардани Ворух бо 12 ҳазор гектар замин дар вилояти Боткенти Қирғизистон вокуниши шадиди ҷомеаи шаҳрвандии мамлакатро ба вуҷуд овард. Садҳо нафар тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин шева баромад кардани мансабдори сатҳи баланди давлати ҳамсояро хилофи назокати дипломатия ва ахлоқ арзёбӣ намуданд. Воқеан, агар як нафари одӣ доир ба масъалаҳои байнидавлатӣ изҳори назар кунад, ҷойи нигаронӣ нест, аммо вақте ки роҳбари яке аз идораҳои асосии низоми давлатдорӣ ин гуна рафтор мекунад, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ё дар ин вазифа «тарошаи аз бом афтода» мебошад ё огоҳона мехоҳад вазъияти сарҳадро ноором гардонад, ки дар ҳар ду ҳолат ҳам ба манфиати тарафҳо нест.

ОЁ ВОРУХ АНКЛАВ АСТ?

Деҳоти «Ворух», ки ҳоло ҳамчун анклав шинохта шудааст, дар асл чунин набуд. Ин нуктаро аксар мансабдорони сатҳи гуногуни кишвар зимни нишастҳои матбуотӣ ва музокироти байниҳукуматӣ бо факту далел исбот кардаанд. Аммо чун мушкили асосӣ ба даврае бармегардад, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ тобеи Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, ҳалли масъала ҳамоно печидаву мураккаб боқӣ мондааст. Доир ба мушкилоти Ворух дар шумораи №89, аз 21.07.2018 рӯзномаи «Садои мардум» мақолаи Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, судяи мустаъфӣ Ҳизбилло Хоҷаев зери унвони «Воқеияти таърихӣ набояд таҳриф шавад!» нашр шуда буд, ки сабабҳои дар анклав қарор гирифтани Ворухро шарҳ додааст (мақола 03.04.2021, №42 дар рӯзномаи «Садои мардум» бознашр шуд). Дар он сабаби асосии ин мушкилотро ба собиқ роҳбарони ҳизбию давлатии Тоҷикистон вобаста дониста, аз ҷумла, нигошта шудааст, ки «бо мақсади озод шудан аз андози замин қисмати зиёди заминҳои дар истифоданабудаи захираи давлатиро ба Қирғизистон гузашт намудаанд. Қирғизистон, бинобар ҷумҳурии чорводор будан, бо қарори Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ аз додани андози замин озод буд. Аз ин хотир, бо гузашти солҳо хатти сарҳади онҳо аз теғаи кӯҳҳою баландиҳо «хазида», ба ҳамворӣ фаромад ва то маҳалҳои зисти тоҷикон расид».

Сокинони деҳаи Ворух низ суханони зикршударо тасдиқ намуда, сабаби дигари ба ин мушкил гирифтор шуданашонро ба фарҳанги меҳмондӯстӣ алоқаманд медонанд. Бо нафароне, ки ҳамсуҳбат шудем, изҳор доштанд, ки дар мавзеи байни шаҳри Исфара ва деҳоти «Ворух» ягон хонаводаи қирғиз вуҷуд надошт. Аммо гурӯҳи хурд омада, хоҳиш карданд, ки барояшон замин диҳанд, то онҳо низ кор кунанд. Ҳамин гуна ҳам шуд. Сипас, қирғизҳо дар заминҳои гирифтаашон манзил сохта, тадриҷан шумораашон зиёд гардид.

Сокини деҳаи Ворух Инъомиддин Араббекови 86-сола гуфт, ҳангоме ки ҷавон буд, шоҳиди гузаштани аввалин қирғизҳо ба Ворух шудааст.

- Дар мактаби миёна таҳсил мекардам. Дар пушти шах Бедак ном деҳа буд. Аз пушти ҳамон шах 2-3 нафар қирғиз гузашта поён рафт. Оҳиста-оҳиста аҳли хонаводаашонро оварда, дар ду тарафи дарё маскан гирифтанд ва ҳамин тариқ, зиёд шуданд, — изҳор дошт ӯ.

Зикриддин Пӯлотов низ сокини куҳансоли деҳоти «Ворух» аст. Ӯ 83 сол дорад. Бино ба гуфти вай, қирғизҳо ба Ворух баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ омаданд.

- Усто Юлдош ном қирғиз омад. Он вақт ҳама шаҳрванди як давлат будем. Қирғизҳоро ҳамон вақт дар совети қишлоқи «Ворух» ба қайд нагирифтанд. Ду писар дошт, дар ҳамин ҷо тӯй карданд, ҳамин ҷо мактаб хонданд. Аммо оҳиста-оҳиста зиёд шуданд, ки мушкил пеш овард, — зикр кард ӯ.

Нависанда ва рӯзноманигор Додохон Эгамзод низ мушкили асосии Ворухро дар дилсӯзиву меҳмондӯстӣ маънидод мекунад. Ӯ мегӯяд, ки мушкилоти Ворух аз ҷой додани қирғизҳо ба ин сарзамин сарчашма мегирад.

- Ворух кӯҳистон аст. Давраҳое, ки ман кӯдак будам, 8 ҳазор аҳолӣ дошт. Ҳоло зиёдтар аз 35 ҳазор. Сокинонаш меҳнатдӯст, ғаюр, нафароне, ки аз санг ҳосил мерӯёнанд. Замоне ки Давлати Шӯравӣ буд, чунин мушкилот вуҷуд надошт. Қирғизҳо ба замин муҳтоҷ буданд. Он давра барои истифодаи муваққатӣ аз ҳисоби заминҳои Ворух ба онҳо замин доданд. Аммо баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ давлатҳо мустақил шуданд ва мушкилоти ворухиён оғоз ёфт. То он замон Ворух ҳеҷ мушкилӣ надошт. Об, замин, чарогоҳ ҳамааш буд. Мардумаш низ маълумотноку босаводанд. Баъди он ки мушкилоти роҳ пайдо шуд, дигар ҳама нофаҳмӣ аз ҳамон баромадан гирифт, — зикр кард Д. Эгамзод.

Раиси маҳаллаи «Тоҷикон»-и деҳоти «Ворух» Ғаффор Ҷӯраев зикр кард, ки қирғизҳо мехоҳанд бо соҳиб шудан ба заминҳои атрофи Ворух ҳавзаи обро аз худ кунанд.

- Дар ин ҷо гап асосан сари об меравад, чунки аз як тарафи Ворух дарёи Карафшин меояд, ки сарчашмааш пиряхи «Зарафшон» мебошад. Боз дарёи Кишамбиш ҳаст, ки як шохааш тарафи Риштон ва шохаи дигараш тарафи мо ҷорӣ мешавад. Мақсади асосии ҳамсояҳо соҳиб шудан ба ҳавзаи об аст.

Онҳо мехоҳанд 50 ҳазор гектар замини мавзеи Зардонакро аз дарёи Кишамбиш обёрӣ намуда, ҳамчунин маҷрои дарёи Карафшинро ба самти худашон тағйир диҳанд, — изҳор дошт номбурда ва афзуд, ки камтарин кӯтоҳӣ метавонад бар зарари тоҷикон анҷом шавад. Зеро мардум аз нияти бади мақомоти давлати ҳамсоя хавотиранд.

- Шунидам, ки яке аз роҳбарони ҳарбии қирғизҳо гуфт, ки гирди Ворух роҳ месозанд. Аллакай қисме аз роҳи Оқсой-Тамдиқро сохтанд. Аз дигар тарафҳо, ки сохтанд, гӯё моро ба иҳота мегиранд. Аз соли 2014 ҳисси нобоварӣ зиёд шуда, мардуми зиёд кӯч бастанд. Онҳо ба шаҳрҳои Исфараву Хуҷанд ва Федератсияи Россия рафтанд. Танҳо аз маҳаллаи «Тоҷикон» 122 оила кӯчида рафт. Аз деҳоти «Ворух» то ин дам, дар маҷмӯъ, зиёда аз 1700 оила кӯч баст. Нобоварӣ ба ояндаи Ворух зиёд шудааст. Қирғизҳо говҳои моро медузданд, роҳамонро мебанданд, боз худашонро «мусичаи бегуноҳ» метарошанд, — зикр кард ҳамсуҳбатам ва ҳамчунин афзуд, ки онҳо халқро пеш меандозанд. Аз як тараф, милиса аз тарафи дигар, ҳарбиҳо ва аз пушт ҳукуматаш иғвогарӣ намуда, мехоҳанд бо ҳамин роҳ ба мақсад расанд.

коллаж Ворух 1- То соли 2019 аз ҳамин «усул» фоида дида омаданд. Тоҷик барои қирғиз василаи дилхушӣ шуда буд. Қирғиз агар маст шавад, кӯча тоҷикзанӣ мебаромад. Мо ҳангоми ҷанҷол аз қирғиз не, аз мақомоти худамон метарсидем, ки иғвогар гуфта, гунаҳкор мекарданд. Ҳангоме ки ягон ҳодиса шавад, мақомдорон мегуфтанд, ки дар пеш иду ҷашн аст ва ба иғво дода нашавед. Қирғиз бо ин кор омӯхта шуд ва корашро давом медиҳад, — изҳор дошт Ғаффор Ҷӯраев.

Сокини дигари деҳаи Ворух Маҳмудҷон Ниёзов мегӯяд, таърих гувоҳ аст, ки мо — мардуми тоҷик дар ҳамин гӯшаи зебои кишвар аз қадим зиндагӣ мекунем ва мардуми қирғиз баъдтар омаданд.

- Мо мардуми фарҳангиву меҳмондӯст онҳоро ҳамчун меҳмон қабул намуда, иззату эҳтиром кардем. Баъдтар ҳамин хел шуд, ки соҳиби аксар заминҳо гардиданд. Ҳоло даъвоҳои беасос доранд, ки таърих онро инкор мекунад, — зикр кард ӯ.

Додохон Эгамзод бо ёдоварӣ аз як масали замони шӯравӣ гуфтааш — «Ҳамсоя буд, ғамсоя шуд» мегӯяд, қирғизҳоро худамон ҷой додем, ҳоло дарди сарамон шуданд.

- 16 нафар омада гуфтаанд, ки ба мо замин диҳед, бригадаи 18-уми шумо шуда кор кунем. Намедонам, агар замин медоданду бригада ташкил мекарданд, чӣ мешуд?! Лекин давраи шӯравӣ ки буд, гуфтанд ба мо замин даркор, кор кардан мехоҳем. Чандсад метр поёнтар замин доданду ҳоло анклав шудем.

СОКИНОНИ ВОРУХ ИЗҲОРОТИ ҚАМЧИБЕКРО МАҲКУМ МЕКУНАНД

Пас аз изҳороти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизис­тон Қамчибек Ташиев роҳбарон ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мақсади дастгирии мардуми Ворух гурӯҳ-гурӯҳ ба ин гӯшаи биҳиштосои Ватан сафар карданд. То дуюми апрели соли ҷорӣ, ки мо дар Ворух қарор доштем, роҳбарон, фаъолон ва ҷавонони 7 шаҳру ноҳияи кишвар барои дастгирии ворухиён сафар карда буданд. Ин раванд ҳанӯз ҳам идома дорад. Вобаста ба пешниҳоди дар боло зикршудаи роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон масъулин ва сокинони шаҳри Исфара як назар доранд: «Ворух ивазшаванда нест!». Аз ҷумла, раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода гуфт, ки Ворух ҳеҷ вақт иваз намешавад.

Раиси маҳаллаи «Тоҷикон»-и деҳоти «Ворух» Ғаффор Ҷӯраев изҳор дошт, ки аз суханони Қамчибек Ташиев сокинони Ворух ба хашм омаданд. Зеро ин гӯшаи диёр ҷузъи ҷудонашавандаи кишвар аст.

Зимнан, Бодкон таърихан замини тоҷикон аст. Соли 2014, вақте ки ҷанҷол шуд, дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Дарди куҳнаи соли нав» мақолаам чоп шуд. Мазмунаш ин буд, ки Бодкон аз аввал замини тоҷикон аст. Яъне, кони бод. Агар дар шакли Бодкент ҳам гӯем, боз тоҷикист. Чун кент — шаҳр, манзил аст, — зикр кард Д. Эгамзод.

Сокини деҳоти «Ворух» Маҳмудҷон Ниёзов низ гуфт, ки сухани раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба рӯҳияи мардум бетаъсир намонда, эҳсосоти онҳоро бедор кард.

- Албатта барои як мансабдор, ки дар сатҳи баланд фаъолият дорад, чунин сухан кардан тамоман нодуруст аст. Ворух як гӯшаи Тоҷикистон буда, ҳама дӯсташ медорем. Ҳоло таваҷҷуҳи Давлат ва Ҳукумати кишвар низ ба Ворух зиёд аст. Иншооти гуногун сохта шудааст, ки барои беҳтар кардани зиндагии мардум мебошад. Гуфтаҳои сардори мақомоти амнияти Қирғизистон нодуруст буда, ӯ бояд суханашро дониста гӯяд. Ворух ҳама вақт як порчаи Тоҷикистони азиз аст, — таъкид кард сокини Ворух.

БАЛОГАРДОНИ ВОРУХ КИСТ?

Ҳарчанд ки масъалаи аломатгузории марзи давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон солҳо боз идома дошта, баҳсҳои обу замин, роҳу чарогоҳ ва ҳар сари чанд вақт сар задани низоъ ба рӯҳияи сокинони Ворух бетаъсир намондааст, аммо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ имкон намедиҳад, ки онҳо дар муқобили мардуми кӯчӣ залил бошанд. Аксари онҳо зимни суҳбат изҳор доштанд, ки дар муқобили беандешагии қирғизҳо онҳо низ метавонанд бо зӯри бозу аз марзи номусашон ҳимоя кунанд, аммо чун давлат имкон ва қудрати заруриро дорост, дар такя ба фаросат ва фитрати азалии миллӣ умед ба он мебанданд, ки мушкил бо роҳи гуфтушуниди дипломатӣ ҳал шавад.

Додохон Эгамзод иброз дошт, ки аҳолии Ворух ҳамеша роҳи ҳалли мусолиматомези мушкилиро мекобанд.

- Ман бо сокинони Ворух, соҳибкороне, ки дар Россияву Қазоқистон ҳастанд, суҳбат кардам. Масъала ҳал шавад, онҳо барои таъмир кардани роҳ ва дигар ободкориҳо тайёранд. Онҳо низ майна об мекунанд, ки чӣ хел мушкил ҳал шавад ва тайёранд ҳар маблағе зарур бошад, фирис­танд. Ҳатто барои иваз кардани заминҳо. Масалан, дар замини Ворух, ки 12-15 хонаи қирғиз ҳаст, онҳо тайёранд, дар қитъаи дигар манзили зистро бо тамоми шароит сохта диҳанд. Аммо ин масъала, ки нозук аст, ҳаллаш ҳам ба давлат тааллуқ мегирад. Дилам пур аст, дер бошад ҳам, ҳал мешавад, — изҳор дошт ӯ ва афзуд, ки Президенти кишвар мардуми меҳнатдӯсти Ворухро дӯст медоранд. Зеро ин мардум дар болои санг дарахт шинонда, ҳосил мерӯёнанд. Ҳама умед доранд, ки мушкилот ҳал хоҳад шуд. Ман бо номи «Балогардони миллат» дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоб навиштам. Вақте ки омада Наврӯзро ҷашн гирифтанд, «Балогардони Наврӯз» гуфта мақола навиштам. Ман он касро «Балогардони Ворух» ҳам мегӯям ва сад дар сад бовар дорам, ки ин балоро низ аз сари Ворух дур мекунанд.

Пирамарди 86-сола Инъомуддин Араб­беков ба ин назар аст, ки агар масъалаи сарҳадро ҳал кунанд, дигар ҳеҷ мушкил надорем.

- Худоро шукр, Президентамон неруманд, мардум бой, бадавлат ва шароити хуб доранд. Як набераам дар Россия аст, ба падараш хат кардааст, ки 6 сотих заминро фурӯшанд, ки агар қирғизҳо дароянд, мегиранд. Ворух ягон вақт аз Исфара ҷудо набуд. Раҳмат ба Президент, ки калонҳоро супориш додаанд, ки Ворухро хабар гиранд. Мо бовар дорем, ки ин мушкил ҳал мешавад, — бо дили пур аз умед изҳор дошт бобои Инъомуддин.

Воқеан, мушкилоти Ворух ҳоло ба масъалаи умумимиллӣ табдил ёфтааст. Ҳар вақт хабаре аз Ворух ё дар бораи Ворух паҳн мешавад, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста ба мавқеи сиёсиву иҷтимоӣ, муттаҳид мешаванд ва бо як овоз аз миллат ва давлат ҳимоя менамоянд. Табиист, ки изҳороти мақомдорони давлати ҳамсоя ва амалҳои тавсеаталабии онҳо аҳолии кишварро ба хашм меорад, аммо ҳанӯз ҳам умед доранд, ки масъала бо роҳи дипломатӣ ҳал хоҳад шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»,

Душанбе — Исфара — Ворух – Душанбе