Ёде аз падари қаҳрамон

№62-63 (4324-4325) 08.05.2021

Рӯзи Ғалаба барои ҳар фарде, ки аз даҳшати Ҷанги Бузурги Ватанӣ огаҳӣ дорад, пайвандонаш дар ин ҷанг иштирок намуда ё қурбон шудаанд, муқаддас аст. Сад афсӯс, ки сол то сол шумораи иштирокчиёни ҶБВ кам гашта, онҳо ба шумор мондаанд. Синну соли ҷавонтарини онҳо  дар арафаи ҷашни 76-солагии Рӯзи Ғалаба табиист, ки бояд аз 90 боло бошад…

Ман, духтари яке аз қаҳрамонони ҶБВ, Ҳусниддин Бодуров, имсол дар Рӯзи Ғалаба чун анъана ба «Боғи Ғалаба»-и пойтахт меравам, то бори дигар падари бузургворамро ба ёд оварда, дар ҳаққи ӯ ва онҳое, ки дар торумор намудани фашизм ҷонбозӣ кардаанд, дуо кунам.

… Дарвози солҳои сиюми асри ХХ. Дар ин диёри кӯҳистон  агар аз як тараф, аввалин мактабҳо, клубу қироатхонаҳо кушода шуда, зиндагии нав оғоз меёфт, аз тарафи дигар, зиёиён дар як даст қаламу коғаз ва дар дасти дигар  силоҳ бо босмачиён мубориза мебурданд. Яке аз онҳо падари ман буд. Дар он айём ашхоси мутаассибу ҷаҳолатпараст кӯшиш доштанд, ҳар сабзаи навхези мазраи нави зиндагӣ — муаллимону духтурҳо ва соҳибкасбони дигарро решакан созанд. Аммо, бо вуҷуди ин хатару таҳдидҳо ва иғвову дасисаҳои пинҳону ошкоро, ҷавононе мисли падарам таҳти шиори «Мубориза барои маҳви бесаводӣ» рӯзона ба фарзандони деҳқонону шомгоҳон ба онҳо савод меомӯзониданд.

Охирин дастаи босмачиён низ торумор гардида, акнун мардум ба ҳаёти осоишта оғоз менамуданд, ки хабари саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Дарвоз расид. Падари шуҷоям баъди як соли саршавии ҷанг зан ва ду кӯдаки хурдсолашро дар деҳа гузошта, ихтиёран ба фронт рафт. Дар аввал ӯро ба курси шашмоҳаи афсарӣ мефиристанд ва ӯ ҷангро бо рутбаи лейтенантӣ дар ҳайати полки 1633-и дивизияи тирандозии 280-уми Фронти якуми Украина оғоз менамояд. Дар озодкунии шаҳру ноҳияҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, Лаҳистон ва кишварҳои дигари Аврупои Шарқӣ ширкат варзида, ҷангро дар лонаи фашизм — шаҳри Берлин ба анҷом расонидааст.

Дар дафтари хотироти падар чунин навиштаҷотеро дучор омадам, ки даҳшати ҷангро ифода менамояд:

«Дар наздикии Киев шаҳракест, номаш Дарнитса. Вокзали калон дорад, ки то 14 -15 эшелон он ҷо меистад. Мо чанд кас аз фронт мошинҳои вайронаро ба он стансия оварда, навбат меистодем, ки онҳоро ба Москва бурда, барои таъмир ба завод супорем. Ногоҳ дар шаби торик фашистҳо он стансияро бомбаборон карданд ва 14 эшелоне, ки он ҷо буд, оташ гирифта, ба хокистар табдил ёфт. Дар як эшелон полки аскарони пиёданизом буд, дар дигараш — танкӣ. 14 ё 15 нафар аскарон ҳам сӯхта, дигарҳо гурехтанд. Мошинҳои бурдаамонро ҳамон ҷо монда, ба фронт раф­тем…».

Падари қаҳрамонам барои шуҷоату далерӣ дар набардҳои зидди фашистон бо орденҳои «Ситораи сурх», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», дараҷаи 2, медалҳои «Барои Ғалаба», «Барои гирифтани Берлин» ва ғайра мукофотонида шудааст.

Моҳи январи соли 1945 полке, ки падарам хизмат мекард, хати мудофиаи фашистро рахна карда, ба дарёи Одер наздик мешавад. Дар он ҷо ҳарбу зарби шадид ба амал омада, ҳангоми убури дарё дасти чапи падарам захмӣ мегардад. Аммо пас аз чанд рӯзи табобат боз ба саф баргашта, дар гирифтани Берлин иштирок менамояд.

Рӯзи Ғалабаро дар соҳили дарёи Элба истиқбол намудааст. Дар он ҷо қисми ҳарбии онҳо бо сарбозони амрикоӣ, ки ба ҷанг ба муқобили фашизм ҳамроҳ шуда буданд, вомехӯрад. Дар ҳамон лаҳза падарам ба хулосае омада будааст, ки як умр хизматчии ҳарбӣ боқӣ мемонад. Вале ҳангоми тоза кардани иншоот ва таҳхонаҳои онҳо аз боқимондаҳои фашистӣ бо ҳолати аҷиб дучор меояд.

- Рӯзе ба таҳхонае даромадем, ки аз дидани манзараи дохили он ҳама моту маб­ҳут гардидем, — нақл мекард падарам, — Дар он ҷо 10 — 15 духтару писарбачаи пойлуч болои қуттиҳои холии тиру лавозимоти ҷангӣ нишаста буданду дар ҳамон сардиву намӣ ва торикӣ марди куҳансоле ба онҳо дарс мегуфт. Омӯзгори пир шарфаи пои моро  нашунида, дарси худ­ро идома медоду баъзе аз  тифлакон бо тарсу ҳарос сӯи мо нигоҳ мекарданд. Дертар фаҳмидем, ки он марди пир антифашист ва коммунист будааст. Ӯ дар даврони ҷанг ҳам, бо вуҷуди хатар ба ҷонаш, аз касб даст накашидааст. Ҳамон вақт мани собиқ муаллим садоқати бепоёни пирамарди фашистро нисбат ба касби дилбохта эҳсос кардам ва қавл додам, ки як умр муаллим мемонам…

Падарам пас аз анҷоми ҷанг ҳам чанд муддат хизмати Ватанро иҷро намуда, танҳо соли 1946 ба диёри азизаш бармегардад ва дар ҳақиқат, то охири умр ба касб содиқ мемонад. Ҳарчанд синну соли ман ба ҷое расидааст, то ҳол бо номи падар ифтихор менамоям. Бигузор, зиндагии чунин мардон намунаи ибрати ҷавонон бошад.

Дамдори ҲУСНИДДИН,

нафақагир, сокини шаҳри Душанбе