Зайд Саидов ҳосиле бардошт, ки кишт

№73 (3374) 28.05.2015

Ин ҳафта баъзе расонаҳои мустақил, аз ҷумла «Нигоҳ», «Озодагон», «Азия Плюс», «Наҷот» ба ёд оварданд, ки ду сол мешавад Зайд Саидов дар зиндон аст ва ба ҳар васила мехоҳанд моҷароҳоро даври номи ӯ аз нав зинда созанд. Номбурдаро тоҷири муваффақу саховатманд намоиш дода, ҳабси қонунии ӯро ҷанбаи сиёсӣ намоиш медиҳанд. Ин қабил ашхос аз рӯзҳои аввали боздошти Зайд Саидов ниҳодҳое ҳам таъсис дода буданд, мисли «Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқҳои ӯ». Чанде овозапардозӣ ҳам карданд, ки барои ҳимояи номбурда  вакилони дифоъ аз Аврупо омада истодаанд. Аммо касе наомад, зеро ҳар як далеле, ки ҳангоми мурофиаи судӣ баррасӣ шуд, исботи худро ёфт ва гунаҳгории Зайд исбот шуду ӯ ҷазои қонунии худро гирифт.

Қаблан ҳам навиштанду ҳоло низ навиштан доранд,  то дар зеҳни мардум симои Зайдро ҳамчун инсони фурӯтану бомаърифат ва тоҷири ҳалолкору комёб ҷой  созанд. Ҳамаи онҳоро мехонию тадриҷан тимсоли Ҳотами Тойи афсонавӣ пеши саховатмандиҳои Зайд Саидов дар назарат хира мегардад. Вале саволе пеш меояд, ки ин ҳама хайру саховатҳо аз куҷо буд?

Ин чеҳрасозон ҳеҷ қабул карданӣ нестанд, ки дасти бозу пайсаҳои ҷайбҳо ҷиҳати даму дуои муллоҳо, дастгирии аҳли адабу эҷоду «кушоиш»-и кору монанди инҳо воридшуда ҳама аз ҳисоби дуздии моликияти давлатию мардумӣ  буд. Парвандаҳои Зайд Саидов он қадар сирҳои нуҳуфтаро ошкор карданд, ки дигар дар кору фаъолияти ӯ пайдо кардани як қадами ҳалолу қонунӣ, ҷустани сӯзанро дар ғарами коҳ мемонад.

Фасодкориҳои Зайд Саидов дар даҳҳо иншооти бо роҳи ғайриқонунӣ аз худ кардааш ошкор карда шуданд, вале боз ҳам онҳо қонеъ намешаванд. Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон айну дайн шуд, ки Ширкати «Тоҷ — Сохтмон Байналмилал», ки ба Зайд Саидов тааллуқ дорад, ҳангоми сохтани бинои «Душанбе — Плаза» ба изофанависӣ даст зада, маблағи қариб ду миллион сомонӣ (беш аз 400 ҳазор доллари ИМА)-ро аз худ кардааст.  Барои дар давраи  вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш  (солҳои 1999-2007) барои гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 319), қаллобӣ бо истифодаи мақомоти хизматӣ дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 247), суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам карда шуд. Ошкор гардид, ки ҳашт Корхонаи Зайд Саидов, аз ҷумла Корхонаи дӯзандагии «Гулистон», Ширкати «Лаъл», Корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» ва ғайра бо роҳҳои ғайриқонунӣ ва нархи ночиз аз ҷониби ӯ хусусӣ гардонида шудаанд.

Ниҳодҳои судӣ мӯйро аз хамир ҷудо кардаву ҳамаи ин корхонаҳоро ба тавозуни давлат баргардониданд. Зайд Саидов танҳо дар чанд амалиёти хусусигардонии ғайриқонунии молумулки давлатӣ ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳо, аз ҷумла  дар хусусигардонии ҶС «Абрешим»-и шаҳри Хуҷанд ба маблағи 5 млн. 234,2 ҳазор сомонӣ,  иншоот дар ҳавлии бинои Вазорати фарҳанг 300 ҳазор сомонӣ, Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикзаргарсаноат» 385,5 ҳазор сомонӣ, иншооти «Ошхонаи бинои маҷмӯӣ»-и собиқ Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 74,9 ҳазор сомонӣ, Корхонаи хурди «Лаъл» (ҳозира ҶДММ «Тоҷик — Мармар») 18,5 ҳазор сомонӣ, ҶСК «Гулистон»-и шаҳри Душанбе 142,430 ҳазор сомонӣ, «Комбинати фулузоти нодири Ленинобод»-и шаҳри Қайроққум 266100 сомонӣ ба давлат зарар расонидааст. Инчунин дар натиҷаи хусусигардонии ғайриқонунии   ҶСК «Электроника — М» (ҳозира ҶСП «Табаррук»), ҶСП КМ «Тоҷиказот»-и шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, Маркази илмии назди Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСШК «Такобский ГОК»-и шаҳри Душанбе хисороти зиёде ба моликияти давлатӣ ворид кардааст. Ҳамаи ин далелҳо исботи худро ёфтанд ва мақомоти интизомӣ ӯро бо ҳашт иттиҳом, аз ҷумла ришваситонӣ, бисёрзанӣ, суиистифода аз мансаби давлатӣ, тақаллуб, тамаъҷӯйӣ, таҷовуз ба номус ва робитаи ҷинсӣ бо фарди ноболиғ ба муддати 26 сол равонаи зиндон карданд.

Вале бо ин аъмоли ғайриқонунии Зайд Саидов ба охир намерасад. Ҳаррӯза далели наве аз қонуншиканиҳои ӯ ошкор мегардиду мегардад. Тақаллубкориҳои беҳисоб дар асноди пайвандонаш ошкор карда шуданд.  Чунончӣ, писараш Хайрулло Саидовро дар ҳуҷҷатҳояш чор сол калон нишон додааст. Писараш Хусрави Зайдро бо духтари ноболиғи 15 — сола хонадор намуда, дар аснод ӯро се сол калон ба қайд гирифтааст. Ҳамаи ин ҳолатҳо дар асоси тахминзаниҳо не,  дар пояи аризаю шикояти ҷабрдидагон ва тасдиқномаҳои шоҳидони воқеӣ исбот шуданд.

Албатта, идораҳои масъулу дахлдори давлатӣ низ то ҷое гунаҳгоранд, ки ашхосе монанди Зайд Саидов бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиби молу сарвати зиёд мегарданд. Боигарии осон ба дасташономада ончунон пардаи чашмашонро серравған, хотираи онҳоро ғафсу кунд месозад, ки дирӯзи худро фаромӯш мекунанду худро «шаҳсутуни дунё», «пуштибон»-у «наҷотбахш»-и дигарон тасаввур мекунанд.

Ниҳодҳои дахлдори давлатӣ гунаҳгор бар онанд, ки ҷиноёти иқтисодии Зайд Саидовро дар вақташ пешгирӣ накарданд. Акнун думравону балегӯёнаш, комбардоштагони дастархонаш, ки намояндаи қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошанду ба гирифтани «кумакпулӣ»-ҳояш «шарафёб» шудаанд,   бо ҳар васила мехоҳанд, ӯро ҳамчун «маҳбуси сиёсӣ» муаррифӣ созанд. Вале асосаш пирӯзии ҳақиқат аст. Зайд Саидов ва ӯ баринҳо бояд дар назди қонун ҳатман ҷавоб гӯянд, то барои дигарон сабақ гардад.

Азими Ваҷҳиддин