Замини ғасбгардида барқарор гардид

№63 (4646) 12.05.2023

Дӯстӣ. — копияДар ноҳияи Дӯстӣ 0,11 гектар замини ғасбгардидаи муассисаҳои таълимӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Тавре мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмадсаидзода зикр кард, 27- уми апрели соли равон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Ҳадафи ташкили гурӯҳи корӣ барқарор кардани замини ғасбшудаи муассисаҳои таълимӣ буд.

Дар натиҷа, замини тасарруфшудаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 – 0,06 гектар ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 – 0,05 гектар ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

- Дар замини зикршуда муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бинои иловагии дуошёна барои 240 хонанда ва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад. Дар назар аст, ки дар ин макон майдончаҳои варзишӣ низ бунёд гардад, — гуфт Ш. Маҳмадсаидзода.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»