Аз нишастҳои матбуотӣ

1272 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид шуд

№19 (4439) 10.02.2022

DSC_0348Ин нуктаро раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода чоруми феврал зимни нишасти матбуотӣ баён дошт. Бино ба гуфти ӯ, соли 2021 аз ҷониби кумита ва сохторҳои он дар маҳал 11801 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани камбудиҳо 10821 дастур дода шуд. Нисбат ба 10594 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, муҷримон 5400489 сомонӣ ҷарима шуда, 4506950 сомонии он ба суратҳисоби махсус ворид гардид.

- Соли 2021 аз ҷониби корхонаву муассисаҳои зертобеъ ба маблағи 108 миллиону 187 ҳазору 458 сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 — ум 8809133 сомонӣ зиёд мебошад, — изҳор дошт Ориф Хоҷазода.

Номбурда доир ба делимитатсия, демаркатсия ва редемаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз самтҳои фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ мебошад,  низ маълумот дод. Зикр шуд, ки дар давраи мавриди назар бо намояндагони давлатҳои ҳамсарҳад дар доираи комиссияҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия, демаркатсия, редемаркатсия 8 вохӯрӣ бо намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон, 6 вохӯрии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, 10 вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ва 9 вохӯрии гурӯҳҳои муштараки кории демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекис­тон доир шуд.

Ориф Хоҷазода доир ба 275 метр роҳ дар ҳудуди шаҳри Исфара, ки соли 2009 ба Қирғизистон ба муҳлати 49 сол ба иҷора дода шудааст, изҳори назар карда, гуфт, ки он роҳ мувофиқи санадҳои солҳои 1927, 1929 ва  1989 пурра ҳудуди Тоҷикистон аст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»