Аз нишастҳои матбуотӣ

1359 номгӯи адабиёти динӣ ташхис гардид

№ 27.07.2022

Сулаймон Давлатзода- Аз ҷониби Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 дар асоси 247 дархост 1359 номгӯи адабиёти динӣ ва 11 ҳазору 41 варақа, инчунин 214 адад фита, 25 телефони мобилӣ, 3 флешкорт, ноутбук ва протсессори дорои 11 ҳазору 341 сабти видеоӣ ва аудиоӣ мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор дода шуд, — гуфт раиси кумитаи зикршуда Сулаймон Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 25 июли соли ҷори баргузор гардид.

Бино ба қавли ӯ, аз шумораи умумии ҳуҷҷатҳои ташхисшуда ба 152 дархост, 98 номгӯи адабиёти динӣ, 1746 варақа, 127 фита, 11 телефони мобилӣ ва флешкорт хулосаи манфӣ дода шуд. Инчунин, ба 95 дархост, 1261 номгӯи адабиёти динӣ, 9696 варақа, 88 фита, 14 телефони мобилӣ, 3 флешкорт ноутбук ва протсессор хулосаи мусбат пешниҳод гардид.

Дар давраи шаш моҳи фаъолият аз ҷониби иттиҳодияҳои динии мамлакат ба ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат ба маблағи 898 ҳазору 369 сомонӣ кумаки моддӣ расонида шудааст.

Зикр гардид, ки ходимони дин дар раванди корҳои ободонӣ фаъол буда, дар ин давра 11 ҳазору 386 бех дарахти мевадиҳанда, 21 ҳазору 920 бех дарахти сояафкану ороишӣ ва 45 ҳазору 123 бех гулу гулбуттаҳо, дар маҷмӯъ 100 ҳазору 731 бех дарахт ва гулу гулбуттаҳо шинониданд.

Сулаймон Давлатзода иттилоъ дод, ки дар кишвар 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, як маркази исломӣ, се ҷамоатхона ва дар маҷмӯъ 4058 иттиҳодияи динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»