Аз нишастҳои матбуотӣ

17 қарори собиқ раисони шаҳри Ҳисор бекор гардид

№100 (4362) 03.08.2021

DSC_973727 июли соли ҷорӣ дар Мақомоти ­иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода роҷеъ ба бурду бохти шашмоҳаи аввали соли 2021 маърӯза намуда, аз ҷумла, гуфт: «Дар доираи таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода додани 866 иншооти таъиноташон гуногун дар назар аст. Аз ин шумора то ҳол 722 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст».

Сокинон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар заминаи 31 муассисаи таълимӣ, барои 2632 хонанда 94 синфхона сохтанд. Қобили зикр аст, ки бо қарори раиси шаҳр соли 2021 дар Ҳисор «Соли роҳҳои обод» эълон гардид. Бо мақсади татбиқи он беш аз 50 километр роҳ дар ҷамоати шаҳрак ва деҳоти «Ҳисор», «Шарора», «Сомон» ва дигар деҳаҳо, ки ҳолати ногувор доштанд, мумфарш шуданд.

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 1 миллиарду 481, 1 миллион сомониро ташкил дода, қисми даромади буҷет 104,5 фоиз иҷро гардид. Феълан дар шаҳр 76 корхонаи истеҳсолии саноатӣ фаъолият намуда, ба маб­лағи 120, 2 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид карданд. Кишоварзон низ фаъолиятро тавсеа бахшида, ба маблағи 261 миллиону 330, 2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.

Раиси шаҳр аз афзоиш ёфтани ҷинояткорӣ дар шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки дуздӣ зиёд шудааст. Мутаассифона, омори дақиқи ҷиноятҳои дар шаш моҳ бақайд­гирифташударо пешкаши хабарнигорон накард.

Ба суоли хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум», дар мавриди беэътибор гаштани қарорҳои раисони собиқ ва кунунии шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода чунин посух дод:

- Баъд аз санҷиши масъулони Прокуратураи генералӣ 17 қарори собиқ раисони шаҳр вобаста ба додани замин бекор карда шуд. Онҳо заминеро ба сокинон ҷудо кардаанд, ки танҳо бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ бояд амалӣ мегардид. Се қарори қабулнамудаи банда низ беэътибор шуд.

Ёқуби СОДИҚ,

 «Садои мардум»