Аз нишастҳои матбуотӣ

27600 иншоот бахшида ба ҷашни 35 — солагии соҳибистиқлолӣ

№19-20 (4602-4603) 03.02.2023

Рушти махал (2)31-уми январи соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода иброз намуд, ки барои вусъати бунёдкориву созандагӣ мунтазам озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа ва хонаи беҳтаринро доир менамояд.

Бино ба гуфти ӯ, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат 27600 иншооти дорои таъиноти гуногун ба истифода дода мешавад. То имрӯз 4 ҳазор иншоот бунёд шудааст, ки ба 12,9 фоизи нақша баробар аст.

Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 85-уми Нақшаи чорабиниҳои марбут ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 17-уми январи соли 2020, бунёди муассисаи томактабӣ, толор ва майдончаи варзишӣ дар ҳар деҳа ва маҳаллаи аҳолинишин, ки сад хоҷагӣ зиёд доранд, фаъолиятро тавсеа бахшида, ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ густариш додааст.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

 «Садои мардум»