4,2 миллион нафар истифодабарандаи интернетанд

№86 (4506) 15.07.2022

Алока (1)Шумораи умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 7 миллиону 943 ҳазору 309 ададро ташкил медиҳанд, ки 5 миллиону 460 ҳазору 504 адад муштариёни фаъол мебошанд. Дар ин бора зимни  нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки 13 июли соли равон дар маҷлисгоҳи КВД КТН «Шарқи озод» баргузор гардид.

Муовини сардори Хадамоти алоқа Илҳом Атоев дар бораи фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2022 мухтасар маълумот ва ба саволҳои хабарнигорон посух дод.

Зикр гардид, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон ва рушди шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот дар шаш моҳи соли ҷорӣ корҳои мушаххас анҷом дода шуд. Аз ҷумла, муштариён бо хати нави алоҳида — «ADSL — технология» пайваст гардида, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҷҳизоту коммутаторҳои нав насбу мавриди истифода қарор гирифтанд. Чорабиниҳои байналмилалие, ки дар ин давра дар Тоҷикистон баргузор шуданд, аз ҷумла Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028»  ва Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ сабт ва аз тариқи интернет дар кишвар ва хориҷ аз он паҳн гардиданд.

Бино ба нишондодҳои асосии иқтисодии корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа ва операторону провайдерони хусусӣ, дар давраи мавриди назар даромади умумӣ 1 миллиарду 660 миллиону 508 ҳазору 723 сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба нимсолаи аввали соли гузашта ба 114,2 фоиз баробар мебошад. Шумораи истифодабарандагони интернет якҷо бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,2 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»