Аз нишастҳои матбуотӣ

92,9 дарсади чорвои калон ба аҳолӣ тааллуқ дорад

№101 (4363) 05.08.2021

ОМОР (1)Моҳҳои январ — июни соли 2021 дар ҷумҳурӣ таваллуд 2,6 фоиз зиёд ва фавт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7 фоиз кам шудааст. Афзоиши аҳолӣ аз рӯи маълумоти пешакӣ 5,2 фоизро ташкил медиҳад, — гуфт директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода зимни нишасти матбуотие, ки 30 июли соли ҷорӣ баргузор гардид.

Никоҳ дар давраи зикршуда 8,1 фоиз зиёд шуда, 32,4 ҳазор ҷуфт аст. Ҷудошавии оилаҳо дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2020-ум 17,1 фоиз зиёд шуда, аз ҳазор никоҳ 199 — то пош хӯрданд.

То 1 июли соли 2021 дар ҳама шакл­и хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон 2416,4 ҳазор сарро ташкил карда, шумораи моли майда ба 6060,3 ҳазор сар расидааст.

Маълум гардид, ки шумораи бекорони дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташуда 51, 4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз саршумори умумӣ — 92,9 дарсади чорвои калон ва 80,2 фоизи моли майда ба аҳолӣ тааллуқ дорад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

 «Садои мардум»