Нишастҳои матбуотӣ

Агентии хизмати давлатӣ: Талаботи тахассусиро зимни таъин ба мансаб бояд ба инобат гирифт

№95 (3732) 10.08.2017

DSC_1502+Тибқи маълумоти директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов, ки зимни нишасти матбуотӣ (4 августи соли ҷорӣ) садо дод, дар нимсолаи якуми соли 2017 вазъи иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии он дар мақомоти ­иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Лахш, Айнӣ, Қубодиён, Ёвон, Рошт­қалъа, шаҳри Панҷакент, раёсатҳои адлия, ва суғуртаи аҳолии ВМКБ мавриди санҷиш қарор гирифт.

Дар натиҷа, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ­ноҳияи Лахш ҳолатҳои риоя нагардидани қонунгузории хизмати давлатӣ, аз ҷумла ҳангоми баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ташкили аттес­татсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, риояи талаботи тахассусӣ ҳангоми таъини хизматчиёни давлатӣ, тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ошкор шудааст. Дар ин ноҳия аз соли 2013 то 2016 кормандон бе баргузории озмунҳо ба мансаб таъин шудаанд. Масалан, ҳангоми ба мансаб таъин  намудани мудири шуъбаи кишоварзии ноҳия (бо таҳсилоти олии нопурраи омӯзгорӣ), мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия (бо ихтисоси меъмор – муҳандис), раиси ҷамоати шаҳраки «Ваҳдат» (бо таҳсилоти олии нопурра), раиси ҷамоати деҳоти «Қашот» (бо таҳсилоти миёнаи касбӣ) ва ғайра талаботи тахассусӣ риоя нашудааст.

Дар мақомоти ­иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ низ чунин камбудиҳо ошкор шуданд.

Умуман дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар мақомоти давлатӣ барои ишғоли 2112 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардидааст, ки ба ҳар як мансаби холӣ тақрибан ду нафар номзад рост омадааст. Аз 1383 нафари ба мансабҳо таъиншуда 991 (зан-142) нафараш ҷавонони то 35 — сола будаанд.

 Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»