Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳайдар одиназода: «Сифат муҳим аст, на шумора»

№11 (3805) 27.01.2018

Осими (2)Тайи се соли охир теъдоди донишҷӯёне, ки аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ хориҷ шудаанд, нисбат ба дигар муассисаҳои олии таълимӣ зиёд аст. Зимни нишасти матбуотие, ки 24 январи соли ҷорӣ баргузор гардид, ректори донишгоҳи мазкур доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи АИ Тоҷикистон Ҳайдар Одиназода дар ин робита гуфт, ки воқеан ҳам, таҳсил дар Донишгоҳи техникӣ осон нест, талабот ҷиддӣ аст ва мутахассисоне бояд омода шаванд, ки оянда ба рушди соҳаҳои асосии ҳаёт мусоидат намоянд. Ба онҳое, ки барояшон хондан мушкил аст, мо кумак мерасонем, вале бо нафароне, ки хоҳиши хуб таҳсил кардан надоранд, дар машғулиятҳо иштироки фаъол намеварзанд, хайрухуш мекунем. 

Тавре аз маълумотномаи пешниҳоднамудаи роҳбарияти донишгоҳ бармеояд, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода сохтани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ корҳои назаррас анҷом додаанд. Аз ҷумла, дар баробари 73 ихтисоси амалкунанда қабули довталабон ба 9 ихтисоси нав ба нақша гирифта шудааст.  Умуман, дар соли таҳсили 2017 – 2018 ба донишгоҳ 3079 нафар донишҷӯ қабул шудааст, ки 2547 нафар аз тариқи шартномавӣ ва 532 нафар буҷавианд.

Аз ҷумлаи навгониҳои дигар ба роҳ мондани таҳсилоти фосилавӣ аз рӯйи 8 ихтисос мебошад, ки ба талаботи замони муосир мувофиқ аст. Дар мавриди ҷорӣ кардани техникаю технологияи ҳозиразамон ва рушди инноватсия низ корҳои зиёд анҷом ёфтааст. Дар донишгоҳ, аз ҷумла ду толори нави «онлайн» таъсис дода шудааст.

Парки технологии донишгоҳ хеле фаъол аст ва дар он барои ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқ ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва ихтироъкорӣ шароити хуб муҳайё  гардидааст. Дар баробари дигар дастовардҳо сарвари донишгоҳ зикр кард, ки солҳои охир музди меҳнати устодон мунтазам баланд бардошта мешавад. Масалан, айни ҳол маоши миёнаи онҳое, ки дар як воҳиди  корӣ фаъолият доранд, 1950 сомониро ташкил медиҳад. Аз якуми январи соли ҷорӣ бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ барои тақвият додани фаъолияти илмӣ ва ҳимояи рисолаҳо музди меҳнати омӯзгорони унвондор ба ҳисоби миёна 14 фоиз зиёд шуд.

Ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорон низ ректори донишгоҳ, ноибони ректор ва декани факултетҳо посухҳои мушаххас  доданд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»