Аз нишастҳои матбуотӣ

Қарздорон наметавонанд ба хориҷи кишвар раванд

№95 (4357) 22.07.2021

IMG_7278- Дар нимсолаи аввали соли 2021 ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26541 арзу муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ ва ­масъалаҳои дигар ворид гардид, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 16 июли соли равон муовини сардори он Юсуфҷон Юсуфзода.

- Таҳлилҳо дар самти ситонидани маб­лағи алимент собит намуд, ки дар давраи мавриди назар 7307 истеҳсолоти иҷро ворид гардида, 7220 адади он татбиқ шуда, 2 — то дар асоси санадҳои судӣ қатъ ва 76 адад ба нишонии муайяншуда ирсол гардидаанд. 84212 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент мавриди татбиқ қарор ­дошта, дар шаш моҳи аввали соли равон 12,6 миллион сомонӣ ситонида шудааст. Дар ин давра, бинобар саркашӣ кардани қарздорон аз пардохти маблағи алимент аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбат ба 213 қарздор тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардид, — афзуд Ю. Юсуфзода.

Зикр гардид, ки бо дастрасии моддаи 421 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва риояи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби баҳисобгирӣ, пешбурди махзани маълумот, мубодилаи иттилоот ва назорат дар низоми «Идоракунии раводид ва сарҳад» ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ба 1167 нафар маҳдудият пешбинӣ шуда, барои аз кишвар хориҷ шудани 11 қарздор дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ монеагузорӣ ва аз онҳо қарз ситонида шуд.

Дар давраи зикршуда аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти иҷро 232 шаҳрванд қабул ва барои ҳалли муроҷиатҳо чораҳои бетаъхир андешида шуд.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»