Аз нишастҳои матбуотӣ

Ашхоси тасодуфӣ набояд ба вакилӣ пешбарӣ гарданд

№15 (4121) 01.02.2020

DSC01623Ин нуктаро раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода 27 январи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Ба андешаи номбурда, дар ду даъвати қаблӣ ба Маҷлисҳои ҷамоат шахсони зиёди тасодуфӣ вакили халқ гардида буданд, ки фаъолияти ғайриқаноатбахш дош­танд. Бинобар ин, дар интихоботи навбатӣ, ки 1 марти соли 2020 баргузор мегардад, интихобкунандагон бояд ба интихоби вакилони Маҷлисҳои вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аҳамияти ҷиддӣ дода, шахсони тасодуфиро номзад пешбарӣ накунанд.

Сипас, раиси ноҳия оид ба дастоварду камбудиҳои соли сипаригардида изҳори назар карда, гуфт, ки соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 99 фоиз ва қисми хароҷот 98,9 фоиз иҷро гардид, ки нисбат ба як соли пеш мутаносибан 11,5 ва 12,2 фоиз зиёд мебошад. Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ ва воридоти андозҳои маҳаллии молу мулки ғайриманқул ва андоз аз воситаҳои нақлиёт 100 фоизро ташкил намуд.

- Ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон боиси вусъат пайдо кардани бунёду навсозии корхонаҳои саноатӣ, зиёд шудани ҷойҳои нави корӣ ва болоравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ гардид. Соли гузашта 128 корхонаи саноатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Мутаассифона, бо вуҷуди дастовардҳои шоёни соҳа, ҶДММ «Ҳосилот», ҶДММ «ДМК», ҶДММ «Файзрез», ҶДММ «Бунёдкор-т», ҶДММ «Назиф», ҶДММ «Тенгга-Ма», ҶДММ «Тоҷикистон Чун Чин», «Тоҷик-климат», «Тоҷ-Фейза» ва боз 20 корхонаи дигар солро бо нишондиҳандаҳои ғайриқаноатбахш ҷамъбаст ва нисбат ба соли 2018 кам маҳсулот истеҳсол намуданд, — гуфт Рустам Акрамзода ва афзуд: — Дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 414 иншоот 214 -тоаш мавриди истифода қарор гирифт.

Дар давоми соли сипаригардида аз ҷониби Кумитаи идораи замини ноҳия 537 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар 47,89 гектар ошкор  ва нисбат ба вайронкунандагони қонун санадҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 249 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд. Дар давоми сол дар ноҳия 1109 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба соли  пеш 10 адад кам мебошад. Ошкоркунии ҷиноятҳо, дар маҷмӯъ, 81,55 фоизро ташкил медиҳад.

Муҳаммад ЗОКИР,«Садои мардум»