Аз нишастҳои матбуотӣ

Аз кадом ҳисоб 73686 ҷои корӣ фароҳам омад?

№16 (4436) 05.02.2022

DSC_9552- Бо мақсади таҷлили сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо шумораи иншооти сохтмонӣ, тибқи нақшаи чорабиниҳои барои солҳои 2018-2021, тасдиқгардида 24776 ададро ташкил намуд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, то 1 декабри соли 2021 — ум 24682 (99,6 фоиз) иншоот бо харҷи 18 млрд. 862 млн. сомонӣ ва таъсиси 73686 ҷои кор ба истифода дода шуд, — изҳор дошт зимни нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси он Шарифҷон Ҷумазода.

Бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти унвони «Тоҷикистон — хонаи умеди мо» тавсияҳо омода, барои корбарӣ ба ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол шуд. Иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низ зери назорат қарор дошта, аз натиҷаи корҳои анҷомёфта мунтазам ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод гардид. Озмуни «Деҳот ва шаҳраки беҳтарин» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Ҷиҳати баланд бардоштани фаъолияти кумитаҳои маҳаллаҳо бо иштироки раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо мақсади шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» семинар — машварат баргузор гардид. Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо- «Сайри гули лола» дар сатҳи баланд баргузор ва тавассути шабакаҳои телевизионӣ манзури сокинони мамлакат гардид.

- Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 — 22 майи соли 2021 роҳбарият ва кормандони кумита аз мавзеъҳои бар асари сел зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Вахш, А. Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон боздид намуда, ба шаҳрвандони аз офат зарардида кумакҳои моддӣ ва молиявӣ расонданд,- изҳор дошт Ш. Ҷумазода ва афзуд, ки ба минтақаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт низ сафарҳои хизматӣ анҷом дода, баҳри бартараф намудани оқибатҳои заминларза бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо корбарӣ намуданд.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»