Аз нишастҳои матбуотӣ

Ба дараҷаи зарурӣ надонистани забон яке аз мушкилиҳои асосӣ аст

№89 (4509) 20.07.2022

ХоджазодаДар нишасти матбуотии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, ки  15 июли соли 2022 баргузор шуд, моро, қабл аз ҳама, далели давоми як сол – аз моҳи июни соли 2021 то июни соли 2022 аз донишгоҳ хориҷ шудани 809 нафар донишҷӯй  нигарон намуд. Бинобар ин, баъд аз он ки ректори  ДСРТ Хоҷазода Тоҳир Абдулло  аз хусуси натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022 маълумот ироа намуда, вақти боқиро барои саволу  ҷавоб вогузошт, аз ӯ хоҳиш кардам, ки масъалаи зикршударо шарҳ диҳад.

- Аз 809 нафар донишҷӯе, ки тайи муддати як сол аз ДСРТ  хориҷ карда шудаанд, 160 нафар бинобар аз худ накардани маводи таълимӣ, ба дарс наомадан ва дар натиҷа, супорида натавонистани имтиҳонҳо  аз сафи донишҷӯёни донишгоҳ берун афтоданд. Шумораи боқимондаи хориҷшудагон ё рухсатии академӣ гирифтанд ё аз шакли таҳсили рӯзона  ба ғоибона, фосилавӣ  гузаштанд ва ё аз ин донишгоҳ ба донишгоҳи дигар  гузашта, таҳсилро  дар он ҷо идома доданд.

Яке аз сабабҳои асосии ноком шудани  донишҷӯёни донишгоҳ, пеш аз ҳама, ба дараҷаи зарурӣ надонистани забони русӣ мебошад. Таҳсил дар донишгоҳ ба забони русӣ ҷараён мегирад ва лозим аст, онҳое, ки донишгоҳро барои таҳсил интихоб мекунанд, забони русиро хуб донанд, то ин ки дар ҷараёни таҳсил ба мушкилӣ дучор нашаванд, — гуфт дар посухи савол ректор ва илова кард:

- Соли аввали таҳсил барои дурусттар забони русиро ёд гирифтани донишҷӯён (ҳарчанд онҳо то оғози таҳсил дар ин ҷо бояд забони таҳсилро хуб аз бар карда бошанд), ду давра (ду  семестр) вақт ҷудо кардаем, вале бо таҳлили вазъи азхудкунии дарсҳо онро то чор давра дароз намудем. Мутаассифона, як қисми донишҷӯён дар ин муддат низ забонро хуб аз бар карда наметавонанд ва дар натиҷа мо ба чунин далел рӯ ба рӯ мешавем.

Дар робита ба он ки аксари донишҷӯён аз минтақаҳои гуногуни кишваранд, тасмим гирифтем, ки дар як қатор шаҳру ноҳияҳо марказҳои омӯзишӣ таҳти унвони «Русский мир» ифтитоҳ  намоем. Ҳоло ин гуна марказҳо дар шаҳрҳои Душанбею Бохтар, Хоруғ, Кӯлоб ва ноҳияи Рашт ташкил шуда, дар онҳо ба масъалаи дуруст  омӯхтани забони русӣ таваҷҷуҳ зиёд аст. Муаллимони ин марказҳо аз донишгоҳ маош мегиранд. Мехоҳам зикр намоям, ки айни ҳол 40 нафар шунавандаҳои  бо баҳои аъло дар ин марказҳо таҳсилкунанда дар истироҳатгоҳи «Эдем»-и дараи Қаратоғ  ба истироҳат  фаро гирифта шудаанд.

Дар робита ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ректор як қатор мисолҳо оварда, аз ҷумла изҳор дошт, ки соли гузашта ҳайати босалоҳияти донишгоҳ якчанд муддат дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият карда, дар ҳамон ҷо аз хоҳишмандону довталабон  имтиҳон қабул ва комёбшудагонро ба шумули донишҷӯёни ДСРТ дохил намуд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

 «Садои мардум»