Аз нишастҳои матбуотӣ

Барои дуруст ба роҳ мондани низоми таълим таваҷҷуҳ хос аст

№17 (3967) 12.02.2019

Санъат- Дар соли таҳсили 2017- 2018 бо мақсади тибқи талаботи меъёрӣ ба роҳ мондани низоми таълим дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кафед­раи бойгоншиносӣ, педагогика ва низоми иттилоотӣ (дар заминаи факултети фарҳангшиносӣ) таъсис ёфта, мувофиқи таъиноти давлатии равия ва ихтисосҳо дар зинаҳои таҳсилоти соҳаи фарҳанг ва ҳунар ихтисосҳои нав — драматургия, менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг ташкил шуд, ки соли равон аз рӯйи онҳо қабули довталабон сурат хоҳад гирифт, — изҳор намуд ректори он Хайриддин Идиев зимни нишасти матбуотӣ, ки 5 феврал доир гардид.

Яке аз дастовардҳои назарраси муассиса, бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтани Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD) ба шумор меравад, — гуфт Х. Идиев.

А. МИРЗО,

«Садои мардум»