Нишастҳои матбуотӣ

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати заминистифодабарандагон…

№95 (3732) 10.08.2017

DSC_1468Директори Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Ҳабибулло Саъдуллоев дар нишасти  матбуотӣ сеюми августи соли равон изҳор намуд, ки «Лои­ҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» бо мақсади ҷалби  хоҷагиҳои деҳқонии хурди хусусӣ ба фаъолияти тиҷоратӣ ва дастрасӣ пайдо кардан ба бозорҳо пешбинӣ шудааст. Лоиҳа мутобиқи «Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2012-2020» амалӣ мешавад.

Дар 6 моҳи сипаришуда аз ҷониби «Маркази идораи Лоиҳа оид ба дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳот» дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 585 зерлоиҳа барои арзёбии экологӣ пешниҳод карда шуд. Зерлоиҳаҳои мазкур барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, растанипарварӣ, хариду коркарди меваи хушк ва сохтмони гармхонаҳо муайян шудаанд.

- Моҳҳои июлу августи соли равон дар мавзӯи «Истеҳсол ва нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ» чанд семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Ба ин чорабиниҳо, пеш аз ҳама, занони хонашин, ҷавондухтарон, занони дорои кӯдакони маъюб ва муҳоҷирони баватанбаргаштае, ки шуғли доимӣ надоранд, ҷалб шуданд.

Ҳамчунин, дар доираи амалӣ намудани талаботи экологӣ моҳҳои май ва июни соли равон дар 20 ноҳия  тренинг­ҳои якрӯза оид ба тайёр кардани хизматчиёни  давлатӣ дар мавзӯи «Усули мубориза бо ҳашароти зараррасон ва касалиҳои растаниву ҳайвонот» гузаронида шуд. Ба иштирокчиёни тренингҳо дастурҳо оид ба истифодаи дурусти нуриҳои органикию минералӣ, роҳҳои мубориза бо зараррасонҳои зироатҳо тақсим гардид, — гуфт Ҳабибулло Саъдуллоев. қобили зикр аст, ки ба мактабҳои саҳроии фермерон  олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ, устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва мутахассисони варзида ҷалб карда мешаванд. Мақсад аз ин чорабиниҳо баланд бардоштани маърифати заминистифодабарандагон, кумак намудан баҳри омодасозии нақшаҳои тиҷоратӣ ва мусоидат ба таъсис додани низоми иттилоотӣ-техникӣ мебошад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»