Д. Гулмаҳмадзода: «Ба роиҷ гардидани истифодаи нақлиёти барқӣ ҷонибдор ва ҳавасмандем»

№13 (3963) 02.02.2019

DSC_3993- Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи экология таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки ба олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ, такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир карда шавад, — гуфт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода 29 январи соли равон дар нишасти матбуотӣ.

Номбурда иброз дошт, ки соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист се барномаи давлатӣ амалӣ гардид. Аз ҷониби кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 2 миллиону 172,6 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва ороишӣ шинонда шуд. Бо мақсади тоза нигоҳ доштани соҳилҳо ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои об соли 2018 — ум 153 аксияи «Тозагии соҳил» доир шуда, дар он 126179 нафар иштирок намуданд. Ба шарофати ин иқдом 1075 километр каналу обанбор ва соҳили дарёҳо тоза гардида, 6211,8 метри кубӣ партовҳо бароварда шуд.

Имрӯз 80 фоизи ифлосшавии ҳаво ба нақлиёт рост меояд. Дар бисёр кишварҳо бо мақсади кам кардани ифлосшавии ҳаво аз нақлиёти бензинию дизелӣ даст кашида, ба нақлиёти барқӣ рӯ оварда истодаанд.

- Истифодаи нақлиёти барқӣ партоби газҳои гулхонаиро кам мекунад. Ман ҳам ҷонибдори роиҷ гардидани истифодаи нақлиёти барқӣ мебошам, лекин барои гузаштан ба ин намуди нақлиёт вақт лозим аст. Якбора ба нақлиёти барқӣ гузаштан имкон надорад. Мо таҷрибаи дигар кишварҳоро дар ин бобат меомӯзем, — гуфт Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода.

 С. СУННАТӢ, «Садои мардум»