Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар «сохтмони манзили дастрас» 41,2 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд

№88 - 89 (4038 - 4039) 23.07.2019

Палатаи хисоб+1 (4)- Дар нимсолаи аввали соли 2019 Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, субъект­ҳои хоҷагидории давлатӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 156 аудит гузаронида, зарари молиявиро 88,3 млн.сомонӣ муайян намуд. Аз ин ҳисоб хароҷоти ғайриқонунии ­пулию молӣ 4,4 млн.сомонӣ, камомаду тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 3,7 млн. сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 37,1 млн. сомонӣ, маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 30,9 млн.сомонӣ, изофанависӣ дар таъмиру сохтмон 11,4 млн.сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 273,7 ҳазор сомонӣ, пардохт накардани маблағи суди саҳмияҳои давлатӣ 438,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, — изҳор дошт раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода зимни нишас­ти матбуотӣ, ки 18 июли соли ҷорӣ доир гардид. 

Ҷиҳати таъмини назорат оид ба истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ санҷиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии ноҳияи Деваштич ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд, ноҳияҳои Муъминобод, Фархор, Ҷайҳун, Данғара, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ВМКБ ва ­ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба анҷом расид. Дар раванди он 275 ташкилоту муассисаи буҷетӣ мавриди санҷиши аудиторӣ қарор гирифт ва 13,9 млн.сомонӣ зарари молиявӣ муайян гардид. Аз ин ҳисоб маблағи камҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 6,6 млн.сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 3,9 млн.сомонӣ, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 2,8 млн.сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 144,1 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 134,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз зарари молиявии ошкоргардида 13,5 млн.сомонии он барқарор карда шуд.

Тибқи нақшаи корӣ ва муроҷиати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 13 чорабинии назоратӣ дар субъект­ҳои хоҷагидории давлатӣ роҳандозӣ ва ба маблағи 41,5 млн.сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ товони зарари молиявӣ ба маблағи 755,5 ҳазор сомонӣ барқарор ва ҷиҳати қабули қарори қонунӣ аз натиҷаи чорабиниҳои мазкур 5 мавод бо зарари молиявӣ ба маблағи 41,2 млн.сомонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол карда шуд. Аз ҷумла, зарари молиявии нисбатан калон дар КВД «Сохт­мони манзили дастрас» ба маблағи 41,1 млн.сомонӣ ошкор гардид.

- Бо мақсади бартараф намудани камбуду норасоиҳои молиявӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 ба вазорату идора ва корхонаву муассисаҳои санҷидашуда тавсияномаҳо ирсол намудем, ки дар натиҷаи баррасии онҳо бо иштироки кормандони масъули Палатаи ҳисоб шаш қарору фармон қабул ва барои содир намудани камбудиҳо нисбати 14 шахси масъули ҳисоботдиҳанда ҷазои маъмурию моддӣ татбиқ карда шуд, — таъкид дошт раиси Палатаи ҳисоб.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»