Аз нишастҳои матбуотӣ

ДДБ. Қадрдонии омӯзгорон бештар шудааст

№89 (4509) 20.07.2022

Давлатзода Сайфиддин ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав17 устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хус­рав бо мукофотҳои  гуногуни давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар ин бора ректори он Сайфиддин Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 18 июли соли ҷорӣ баргузор гардид, маълумот дода, ҳамчунин гуфт:

- Соли таҳсили 2021 — 2022-юм 28 омӯзгори донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намуда, он омӯзгороне, ки тасдиқи рисолаҳои докторию номзадиашонро гирифтанд, аз тарафи раёсати донишгоҳ ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ ва роҳбарони илмии унвонҷӯён ба маблағи 24 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Зикр гардид, ки дар раддабандии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати интихоби довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои панҷумро ишғол мекунад. Инчунин, тибқи таҳлилҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф мувофиқ ба раддабандии муассисаҳои олии касбӣ, донишгоҳ ба даҳгонаи беҳтарин дохил шуда, дар ҷои нуҳум қарор дорад.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

  «Садои мардум»