Аз нишастҳои матбуотӣ

ДЭТ: 15 омӯзгор соҳиби патенти ихтироот шуданд

№28 (4611) 22.02.2023

Диловаршо Исозода1Соли гузашта 15 омӯзгори Донишкадаи энергетикии Тоҷикис­тон соҳиби патенти ихтироот гардиданд. Ду нафари онҳо дар хориҷи кишвар ­патентро ба даст оварданд.

Дар ин бора ректори донишкада Диловаршо Исозода зимни нишасти матбуотӣ, ки 10-уми феврали соли равон баргузор гардид, иттилоъ дод.

Қайд гардид, ки чор номгӯи патенти ихтироот дар раванди истеҳсолот ва таълим амалӣ шуда, бо санадҳои татбиқ тасдиқ гардиданд.

Донишкада бо 41 муассисаи таҳсилоти олии хориҷи кишвар ва 11 муассисаи таҳсилоти олию пажӯҳишгоҳҳои ватанӣ, аз ҷумла, бо Донишгоҳи давлатии техникии Самараи Федератсия Россия ва бо Донишгоҳи давлатии техникии Гомели Беларус созишномаҳои дутарафа ба имзо расонид.

Соли гузашта чор омӯзгори донишкада дар хориҷи кишвар аз курси такмили ихтисос гузашта, се донишҷӯ барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар ба муҳлати як сол сафарбар шуданд.

- Аз ҳайати 98 — нафараи омӯзгорони донишкада 32 нафарашон дорои дараҷаи илмӣ мебошанд, — афзуд Д. Исозода.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»