Аз нишастҳои матбуотӣ

Дилмурод Давлатзода: «Нафақаи маъюбон зиёд мешавад»

№21 (4127) 15.02.2020

DSC_5403- Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 ҷиҳати рушди соҳа вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас андешида, баҳри ислоҳ намудани камбудиҳо корҳои назаррасро анҷом дод, — таъкид кард дар нишас­ти матбуотӣ директори он Дилмурод Давлатзода.

Соли 2019 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 2 миллиарду 819,8 миллион сомонӣ ворид гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 182,9 миллион сомонӣ ё 6, 9 фоиз зиёд мебошад. Қисми хароҷот бошад, 2 миллиарду 891 миллион сомониро ташкил намуд. Барои таъмини нафақа ба 711222 нафар 2 миллиарду 641,7 миллион сомонӣ пардохт шуд.

Дар корхонаву муассисаҳо аз ҳисоби маблағи андози иҷтимоӣ ба 191325 нафар 165,1 миллион сомонӣ барои кумакпулии иҷтимоӣ харҷ гардид. Аз ҷумла, барои корношоямии муваққатӣ ба 52756 нафар 31,7 миллион сомонӣ, кумакпулӣ вобаста ба ҳомиладорӣ ва таваллуд ба 23389 кас 104 миллион сомонӣ, кумакпулии яквақта вобаста ба таваллуди кӯдак ба 11519 нафар 1,4 миллион сомонӣ, кумакпулӣ барои нигоҳубини кӯдак ба 94195 нафар 11,8 миллион сомонӣ пардохт шуд. Барои табобати кормандон ва аъзои оилаи онҳо аз ҷониби корхонаву муассисаҳо 16,3 миллион сомонӣ сарф гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки мутахассисони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тибқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон вобаста ба зиёд намудани нафақаи маъюбон таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро шурӯъ намудаанд.

У. Калонов, «Садои мардум»