Аз нишастҳои матбуотӣ

Хадамоти гумрук. 78,9 фоизи моли воридшуда аз имтиёзҳои тарифию андозӣ бархӯрдор буд

№89 (4509) 20.07.2022

Hurshed-KarimzodaХадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар нимсолаи якуми соли 2022 нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукиро аз ҳисоби гардиши тиҷорати хориҷӣ ба андозаи 3167,4 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби воридоти андоз аз арзиши  иловашуда 2401,0 млн. сомонӣ, боҷи гумрукӣ — 387,3, боҷи содиротӣ — 58,6, андози аксизӣ — 256,7 ва аз ҳисоби воридоти ғайриандозӣ 63,7 млн. сомонии пешбинигардида дар асл дар ҳаҷми   3367,7 млн. сомонӣ иҷро намуд, ки ба 106,3 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад. Дар ин бобат сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 13 июли соли 2022 доир гардид, изҳор дошт.

- Тибқи  маълумоти фаврӣ аз раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дастрасшуда, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ имтиёзҳои тарифию андозии дар шакли пурра  ва қисман  озодкардашуда 78,9 фоизи ҳаҷми умумии воридоти мол дар  низоми гумрукии «Иҷозат барои муомилоти озод»-ро ташкил намуд. Яъне, дар ин давра аз ҳаҷми умумии воридоти молу воситаҳои нақлиёти дар низоми гумрукии «Иҷозат барои муомилоти озод»  воридшуда танҳо 21,1 фоизи он (467,9 миллион доллар) пурра мавриди андозбандӣ қарор гирифта, арзиши гумрукии молҳое, ки нисбат ба онҳо имтиёзҳои тарифию андозӣ  қисман татбиқ гардидаанд, 978,4 миллион доллар ё 44 фоиз ва арзиши гумрукии молҳои пурра аз имтиёзҳои  тарифию андозӣ бархӯрдор 776,6 миллион доллар ё 34,9 фоизро ташкил намуданд. Дар маҷмӯъ, арзиши гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёти ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, ки аз имтиёзҳои тарифию андозӣ бархӯрдор гардидаанд, ба 1755,0  миллион доллар баробар буда, пардохтҳои гумрукии озодкардашуда аз он ба ҳисоби миёна 2894,3 миллион сомониро ташкил намуд, — илова кард Хуршед Каримзода.

Аз маълумоти пешниҳодкардаи сардори Хадамоти гумрук, ҳамчунин, муайян гардид, ки кормандони он дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 1161 ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукиро ба қайд гирифтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  202 ҳолат зиёд  мебошад. Зиёд шудани ҳолатҳои ошкор гардидани қонуншиканиҳо, асосан ба тадбирҳои андешидаи мақомоти гумрук ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар самти мубориза  бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ, пешгирӣ намудани воридоти қочоқи мол ва ташкили корҳои фаҳмондадиҳию  тарғиботӣ алоқаманд аст.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»