Аз нишастҳои матбуотӣ

Қисми даромади буҷети ноҳияи Сино чӣ қадар аст?

№24 (4444) 22.02.2022

1452753178_u19a5655Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синоро, ки 16 феврали соли равон баргузор шуд, раиси ноҳия Нусратулло Салимзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки соли 2021 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1125,8 миллион сомониро ташкил дод. Ин рақам нисбат ба соли 2020 — ум 208,4 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 114 фоизро ташкил намуд. Воридоти маҳсулот ба 212,9 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба соли пешин ду маротиба зиёд аст.

Соли 2021 дар ноҳия 10 корхонаи истеҳсолии нав бо 595 ҷойи кор ба фаъолият оғоз намудааст. Ҷойҳои кори нав ва барқароршуда дар маҷмӯъ 10817 ададро ташкил медиҳад. Қисми даромади буҷети ноҳия 944,4 млн. сомониро ташкил дод, ки ба 102,8 фоизи нақша баробар аст.

- Тайи панҷ соли охир дар ноҳия 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 6862 ҷойи нишаст ва 6 муассисаи томактабӣ барои беш аз 740 тарбиятгиранда мавриди истифода қарор дода шуд. Дар натиҷа, норасоии ҷои нишасти хонандагон пурра бартараф гардид. Тибқи маълумоти шуъбаи маорифи ноҳия, соли хониши 2020 — 2021- ум 4731 хонанда синфи 11 — ро хатм намуда, аз ин шумора 3880 нафар ё 82 фоиз ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шудаанд. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 329 медал гардида, 67 нафар ҷойи якум, 111 нафар ҷойи дуюм ва 151 нафар ҷойи сеюмро ишғол намудаанд, — афзуд Н. Салимзода.

Соли 2021 дар доираи чорабиниҳои бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳия 5 иншооти соҳаи тандурустӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ноҳия 294 иншооти варзишӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо соли гузашта 345 чорабинӣ бо фарогирии 54800 нафар баргузор гардид.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»