Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳиссаи соҳаи саноат дар ММД афзуд

№№9-10(3646-3647) 31.01.2017

Саноат ва Техналогияи Нав (6)Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 15,1 миллиард сомониро ташкил дод, ки баробари 116 фоизи соли 2015 мебошад. Ҳиссаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ низ  афзоиш ёфта,  нисбат ба як соли пеш 2,6 фоиз зиёд аст. Ин нуктаро 25 январи соли ҷорӣ вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Суръати афзоиш аз ҳисоби рушди  истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ -179,3 фоиз, масолеҳи сохтмон -136,8, саноати сабук -159,4, саноати  мошинсозӣ -113,8, нафту газ — 104,6  ва электроэнергетика -106,6 фоиз таъмин шудааст. Бино ба гуфти ӯ, вазифаи асосии корхонаҳои саноатӣ зиёд намудани номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти содиротиву воридотивазкунанда дар асоси ашёи хоми  маҳаллӣ мебошад. Корхонаҳо тадриҷан аз истифодабарии таҷҳизоти куҳна даст мекашанд. Соли 2016 барои воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фонд­ҳои истеҳсолӣ 720,6 миллион сомонӣ равона шудааст. Дар натиҷа, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ афзуда,  соли 2016-ум  2,8 миллиард сомониро ташкил дод.

Соли сипаришуда истеҳсоли семент ба 2 миллион тонна расида, 300 ҳазор тоннааш ба хориҷи кишвар содирот шуд, — афзуд вазир.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ «Садои мардум»