Нишасти матуотӣ

«Куллиёт»- и устод Лоҳутӣ то зодрўзаш пурра чоп мешавад

№ 19.07.2016

Фарход РахимиПрезиденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ, ки рўзи 14 июли соли 2016 баргузор шуд, рўзноманигоронро бо дастоварду комёбиҳои олимони академия дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ошно кард. Аз гузориш бармеояд, ки олимони тоҷик дар бахшҳои гуногуни илм- математика, физика, астрофизика, химия, геология, зилзилашиносӣ, биология, ботаника, зоология, таърих,  фалсафа, ҳуқуқ, филология ва ғайраҳо дастоварду натиҷаҳои назаррасро соҳиб шудаанд.

Бори нахуст дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол асари  бостоншиносии «Ёдгориҳои Кангуртут дар Ҷанубу Шарқи Тоҷикистон» (аҳди неолит ва асри биринҷ) ба забони тоҷикӣ интишор гардид. Корҳои ҳафриётӣ дар мавзеъҳои Торбулоқ ва Кангуртути ноҳияи Данғара, Фархор, Панҷакенти қадим, Саразм гузаронида шуданд. Олимони соҳаи фалсафа аввалин маротиба ҷилди 6 — уми  «Осори ибни Сино» (иборат аз «Қиёс» ва «Бурҳон»»)- ро бо забони тоҷикӣ ва русӣ «Сочинение Абуали ибн Сино» (Силлогизм и Доказательство)- ро ба нашр расониданд. Омода ва ба чоп  тавсия шудани ҷилди 14, китоби дуюми «Қонуни тиб»-и Абўалӣ ибни  Сино низ яке аз чунин дастовардҳо ба шумор меравад.

8 июни соли 2016 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Расадхонаи байналмилалии «Санглох»-и Институти астрофизика, ки дар ноҳияи Данғара воқеъ аст, аз нав ба роҳ монда шуд.

Дар шаш моҳи гузашта аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 750 кори илмӣ, аз ҷумла 45 китобу монография, маҷмўаҳои илмӣ, брошюра, 705 мақолаи илмӣ нашр шудааст. Аз ҷумла 640 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 40 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва маҷаллаҳои давлатҳои дигари хориҷӣ ба табъ расидааст. Шаш патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварда шудааст.

Аз тарафи муассисаҳои Академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи мавриди назар 29 чорабинии илмии  байналмилалию ҷумҳуриявӣ гузаронида  шудааст.

Дар 19 Шўрои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 158 рисола, аз ҷумла 16 рисолаи докторӣ ва 142 рисолаи номзадӣ ҳимоя гардидааст. Дар панҷ Шўрои диссертатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 69 рисола, аз ҷумла шаш рисолаи докторӣ ва 63 рисолаи номзади ҳимоя шудааст. Аз шумораи дифоъкардагони рисолаҳои илмӣ 15 нафараш шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 рисола, аз ҷумла ҳашт рисолаи докторӣ ва 32 рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.

Ҳамчунин дар нимсолаи якуми соли 2016 расмиёти дохили давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба «Лоиҳаи Созишнома байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкории илмӣ, лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсади осоишта», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи оид ба идома додани кори Маркази байналмилалии илмию техникӣ» гузаронда шудааст.

Зимни суолу ҷавоб дар нишаст аз хусуси кашол ёфтани чопи «Куллиёт»- и ҳафтҷилдаи устод Лоҳутӣ сухан рафт. Қайд карда шуд, ки то ин  замон ҳамагӣ  ду ҷилди он чоп шудааст.

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ изҳор дошт, ки  то ҷашни 130- солагии зодрўзи устод Абулқосим Лоҳутӣ панҷ ҷилди боқимонда низ чоп хоҳад шуд. Умед аст, ки «Куллиёт»- и мукаммал армуғони ҷашнӣ барои дўстдорони ашъори шоир мешавад.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»