Аз нишастҳои матбуотӣ

Лоиҳаи ТСК 42 шартномаи грантиро ба имзо расонид

№21 (4127) 15.02.2020

 Лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ», ки аз моҳи феврали соли 2015 амал мекунад, аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР) дар беҳбуд бахшидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ саҳмгузор мебошад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ 6 феврали соли ҷорӣ мушовири лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ»-и Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Боймурод Қурбонов зикр кард.

Зикр гардид, ки баланд бардоштани сатҳи тиҷоратикунонии хоҷагиҳои фермерӣ, дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи деҳот, таъмини дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва тақвияти иқтидори манфиатгирандагони лоиҳа аз ҷумлаи ҳадафҳои лоиҳа маҳсуб мешаванд.

Дар доираи дастгирии чорабиниҳои гурӯҳӣ парвариши зардолу, себ, нок, лимӯ ва помидору бодиринги барвақтӣ дар 51 шаҳру ноҳияи  мамлакат мадди назар буд.

Илова бар ин, барои дастгирии фермерҳо, ки дар гурӯҳҳои истеҳсолӣ фаъолият менамоянд, барномаи грантӣ амалӣ гардид.

Соли 2019 -ум 42 шартномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ва гурӯҳҳои фермерӣ ба имзо расид. Шумораи аъзои гурӯҳҳои зикршуда 2142 нафарро ташкил медиҳад, ки 967 нафарашон занон мебошанд.

Боймурод Қурбонов иттилоъ дод, ки барои такмили малакаи кишоварзон муассиса бо Донишгоҳи  «Гент»-и  Шоҳигарии Белгия шартнома ба имзо расонид, ки дар доираи он омӯзгорони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва ду коллеҷи аграрӣ ба Белгия сафари омӯзишӣ доштанд.

А. МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»