Аз нишастҳои матбуотӣ

Маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори хориҷӣ роҳ меёбад

№87 (4193) 18.07.2020

Палатаи савдо ва саноат- Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, иштироки ширкатҳои ватаниро дар Намоишгоҳи 27- уми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва барои истеҳсоли ашёи хом «Прод Экспо — 2020», ки дар Маркази намоишгоҳии «Экспоцентр»- и шаҳри Москваи Федератсияи Россия аз 10 то 14 феврали соли равон баргузор гардид, таъмин намуд.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода 15 июли соли ҷорӣ иброз дошт, ки «Прод Экспо — 2020» бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ ва нӯшокиҳо дар Россия ва Аврупои Шарқӣ ба ҳисоб рафта, дар он зиёда аз 2600 молистеҳсолкунанда аз 70 мамлакат, аз ҷумла, Беларус, Гурҷистон, Туркия, Қазоқистон, Ҳиндустон, Олмон, Хитой, Уругвай, Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Дар намоишгоҳ аз кишвар 10 ширкати истеҳсолкунандаи нӯшокиҳои ташнагишикану ошомиданӣ, меваҳои хушк, лимӯ, мева ва сабзавоти консервашуда иштирок намуданд. Иштирок дар чунин чорабиниҳо баҳри роҳ ёфтани маҳсулоти ватанӣ ба бозори хориҷӣ мусоидат мекунад.

Зикр шуд, ки бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон Палата ташкили Намоишгоҳи байналмилалӣ — универсалии Тоҷикистон «Тирамоҳ -2020» ва гӯшаи молу маҳсулоти ватаниро дар якчанд намоишгоҳҳои хориҷи мамлакат, аз ҷумла, Россия, Беларус, Хитой, Қазоқистон, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб ба нақша гирифтааст.

Тайи 6 моҳи соли равон ба узвияти Палата 116 корхонаю ташкилоти нав қабул шуда, шумораи умумии онҳо ба 774 адад расид.

С. СУННАТӢ«Садои мардум»