Аз нишастҳои матбуотӣ

Масъулин барои бетаъхир рафъ намудани камбудиҳо вазифадор шуданд

№ 09.08.2022

2Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар 3 августи соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр соли 2021 «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2025» таҳия ва бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр тасдиқ шуд.

Зикр шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2022 истеҳсоли маҳсулот 1 миллиарду 539 миллион сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши он ба 102,9 фоиз баробар гардид. Истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 110,7 фоиз, кишоварзӣ-103, савдо-101,4, хизматрасонии пулакӣ-103,7 ва  сармоягузорӣ ва сохтмон 90 фоиз таъмин шудааст.

Дар ин давра ба ҷои 111,5 миллион сомонӣ ба буҷет 102,7 миллион сомонӣ андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ворид шуд, ки 92,2 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаш моҳи аввали соли равон 58 корхонаи саноатӣ фаъолияти мунтазам дошта, 20 корхона бинобар нарасидани ашёи хом ва муфлисшавӣ аз фаъолият бозмонданд. Дар ҶДММ «Форам-09», ҶДММ «Нури Наср», ҶДММ «Равғани Ҳисор», ҶСК «Пахтаи Ҳисор», ҶДММ «Камфорт-76», ҶДММ «Девори бузург» ва ҶДММ «Мурғи Сабо» бо сабаби фарсуда гардидани таҷҳизот, ба рақобат тоб наовардан ва норасоии мавзеъ барои бунёди минтақаи саноатӣ мушкилии зиёд пеш омадааст. Дар шаҳри Ҳисор 5 корхонаи саноатӣ, аз қабили ҶДММ «Ширкати маводи сохтмонии Тоҷикистон», ҶДММ «Ваҳдат Текстайл», ҶДММ «Юсуфҷон 2020», «ҶДММ «Сино Тоҷир» ва ҶДММ «Мурғи Ҳилол» ба фаъолият оғоз намуда, барои таъмини нишондиҳандаи рушди соҳаи саноати шаҳр таъсири мусбат расонидаанд.

Қосим Роҳбар оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб» гуфт, ки дар ин самт камбудиҳо ҷой дорад. Дар шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор 42 нуқтаҳои партовҷамъкунии муваққатӣ фаъол буда, 20 маҳалла ва 124 деҳа ҷои муайяни партовпартоиро надоранд. Ин омил ба муҳити зист таъсири манфӣ расонида, хатари паҳнгардии бемориҳои сироятиро эҷод менамояд.

Дар нишасти матбуотӣ оид ба мушкилоти дастрасии аҳолӣ бо оби тоза дар шаҳраки «Шарора», деҳоти «Сомон» ва «Алмосӣ»  масъалагузорӣ шуд. Маълум гардид, ки роҳҳои нақлиётгарди Ҳисор — Шарора дар масофаи 6,6 километр, роҳи самти Қалъаи Ҳисор то деҳаҳои Сумбула, Куҳнабой ва Равшан қариб пурра корношоям буда, роҳи дараи Алмосӣ қисман таъмирталаб аст. Қосим Роҳбар аз мавҷудияти камбудиҳо нигаронӣ карда, масъулони идораҳои дахлдорро барои бетаъхир бартарафсозии мушкилиҳо вазифадор кард.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»