Аз нишастҳои матбуотӣ

Масоҳати шаҳри Душанбе 7443 гектар васеъ мешавад

№14 (3808) 01.02.2018

Меъмори ва Сохтумон (2)Соли сипаришуда дар мамлакат ба масоҳати умумии 1 миллиону 121 ҳазору 100 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Фондҳои асосӣ ба маблағи 5 миллиарду 402 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷрои  корҳои сохт­монию васлгарӣ 8 миллиарду 197 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил дод. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадам, технологияи инноватсионӣ ва унсурҳои меъмории миллӣ сифати корҳои лоиҳакашӣ баланд бардошта мешавад.

Талабот ба энергиясамаранокии биноҳо зиёд гардида, ҳоло ҳар хона шиносномаи энергетикӣ дорад. Барои бунёди иншоот масолеҳе интихоб мешаванд, ки дар зимистон гармиро хуб нигоҳ доранду дар тобистон бо сарфи ками энергия ҳароратро хонаро муътадил ҳифз намоянд.

- Айни замон нақшаҳои генералии 55 шаҳру ноҳия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд, — гуфт Ҷамшед Аҳмадзода. – Танҳо соли сипаришуда нақшаҳои генералии 17 шаҳру ноҳия тасдиқ шуда, нақшаҳои генералии шаҳри Гулистон ва марказҳои ноҳияҳои Панҷ, Б. Ғафуров, Ҳамадонӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

Бинобар зиёд будани теъдоди иморатҳои нав­сохт, ҳоло нархи манзил дар муқоиса ба соли 2010 тақрибан 35-40 фоиз арзон гардидааст. Аз рӯи маълумоти ВАО нархи як метри мураббаи манзил ба ҳисоби миёна дар Қазоқистон 1000 — 1200 доллар, Қирғизистон 650-800, Ӯзбекистон 535 — 800 ва Тоҷикистон 350-600 доллар мебошад. Мувофиқи Кодекси манзил дар ҷумҳурӣ бояд ба ҳар сари аҳолӣ 15-18 метри мукааб манзил рост ояд. Алҳол ин нишондиҳанда 11-12 метри мукаабро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ аз ҳисоби дигар ноҳияҳо масоҳати шаҳри Душанбе 7443 гектар зиёд мешавад. Минбаъд маҳаллаҳои нав бо пешбинӣ кардани майдончаҳои варзишию истироҳатӣ, мактабу боғчаҳо, пайвастан ба шабакаи гармидиҳӣ бунёд меёбанд.

Сайфиддин Суннатӣ,

«Садои мардум»