Муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳо идома дорад

№86 (4506) 15.07.2022

Дониш Осими (2)Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, ки 13 июли соли равон доир гардид, саволҳо асосан ба пояи моддӣ — техникӣ, озмоишгоҳҳо, шароити зиндагӣ ва таҳсили ятимону бепарасторони донишгоҳ марбут буд.

- Соли 2022 дар донишгоҳ «Соли муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳои кафедраҳои тахассусӣ» эълон шудааст.  Дар доираи иқдоми мазкур бо ҷалби сарчашмаҳои иловагии маблағгузорӣ таъсис ва муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳои илмиву таълимӣ бомаром идома дорад, — изҳор намуд ректори донишгоҳ Қудрат Давлатзода.

Фаъолияти силсилаозмоишгоҳҳои тахассусии  факултети сохтмон ва меъморӣ, ки бо таҷҳизоти муосири озмоишӣ пурра муҷаҳҳаз аст, ҷиҳати рушди фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ заминаи устувор фароҳам овардааст. Силсилаозмоишгоҳҳо мутобиқи стандарти байнидавлатии ГОСТ ISO/IES 17025-2019 «Талаботи умумӣ оид ба салоҳиятнокии озмоишгоҳҳои ташхисӣ ва калибровкакунонӣ» аккредитатсия шуда, дар 17 дастгоҳ 20 намуд маҳсулоти сохтмонӣ ташхис мешавад.

Дар доираи  лоиҳаи «Арзёбии хатарҳои экологӣ ва кам кардани оқибатҳои он ба ҷойҳои мероси фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ» озмоишгоҳи моделсозӣ дар сохтмон таъсис ёфта, дар он озмоишҳои тахассусии сохтмон, геодезия, меъморӣ ва сохтмони гидротехникӣ гузаронида мешавад. Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи DigEco «Рақамикунонии иқтисод ҳамчун унсури рушди устувор» озмоишгоҳи «Иқтисоди рақамӣ» таъсис дода шуд.  Озмоишгоҳи мазкур бо 11 номгӯй таҷҳизоти муосири тахассусӣ муҷаҳҳаз гардида, ба ҷорӣ намудани иқтисодиёти рақамӣ дар раванди таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон равона гардидааст. Озмоишгоҳ бо таҷҳизоти чопи Брайл низ муҷаҳҳаз аст.

- Айни замон донишгоҳ дорои неруи пур­иқтидори кадрӣ ва илмию техникии ҷавобгӯ ба талаботи муосир буда, вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ ва ғайра корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ мондааст,- таъкид кард ректори донишгоҳ Қ. Давлатзода.

Н. НИЗОМӢ

«Садои мардум»