Аз нишастҳои матбуотӣ

Ноҳияи Рӯдакӣ. Қарз аз музди меҳнат ва андози иҷтимоӣ вуҷуд надорад

№25 (4445) 24.02.2022

IMG_2073Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода зимни нишасти матбуотие, ки 11 феврали соли 2022 доир гардид, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия  дар соли 2021 маълумот дода, аз ҷумла гуфт, ки қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар соли 2021-ум 137 миллиону 392 ҳазор сомонӣ ё 110,2 фоиз таъмин гардид, ки аз нақша 12 миллиону 754 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Қисми хароҷот 195 миллиону 150 ҳазор сомонӣ иҷро шуд, ки 98,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Маълум гардид, ки дар ин давра корхонаҳои саноатии ноҳия истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 517,9 миллион сомонӣ ё 135,2 фоиз таъмин намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 15 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андози иҷтимоӣ ба 58 миллиону 168 ҳазор сомонӣ ё 128 фоиз иҷро гардида, қарздорӣ ва кашолкорӣ дар пардохти музди меҳнат ва андози иҷтимоии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вуҷуд надорад.

Тибқи гузориши раиси ноҳия, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 605 миллиону 685 ҳазор сомонӣ расидааст. Соли 2021, тибқи иҷрои талаботи «Барномаи рушди соҳаи картошкапарварӣ» дар 327 гектар кишти картошка гузаронида шуд, ки 81,5 фоизи нақшаро ташкил намуд.

- Соли 2021 чун солҳои пешин, бо сабаби сари вақт аз шаҳри Ваҳдат тавассути канали Оққурғон ҷорӣ нагардидани оби полезӣ беш аз 400 гектар замини корами деҳоти «Гулистон» бе об монда, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинон аз замини ёрирасон ва наздиҳавлигӣ маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оварда наметавонанд. Хушбахтона, моҳҳои январ-апрели соли 2021 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия канали «Лоҳур», ки 37 километрро дар бар мегирад ва 40 сол боз корношоям буд, пурра таъмиру навсозӣ шуда, беш ду ҳазор гектар замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷоракорӣ ва ёрирасону наздиҳавлигии мардум бо оби полезӣ таъмин шуд.

Хабарнигорон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ инчунин, доир ба рафти зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг, фаъолияти китобхонаҳо дар деҳот, хизматрасонии нақлиёти мусофирбар, рафти корҳои сохтмонӣ ва меъморӣ, вазъи санитарию эпидемиологии маркази ноҳия, ҳифзи муҳити зист, тозагии маҳал ва соҳили дарёву наҳрҳо пурсон шуданд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»