Аз нишастҳои матбуотӣ

Ноҳияи Рӯдакӣ. Истеҳсоли картошка 2314 тонна кам шуд

№101 (4363) 05.08.2021

Azizullo-Ismatzoda-537x409Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода дар нишасти матбуотие, ки 29 июли соли 2021 доир гардид, гуфт, ки истеҳсоли маҳсулот дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 513 миллиону 526 ҳазор сомониро ташкил дод. Қисми даромади буҷет дар ин давра ба маблағи 62 миллиону 845 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки аз нақша 11 миллиону 245 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Зикр шуд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи аввал ба 265 миллиону 101 ҳазор сомонӣ расида, дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли гузашта 84,8 фоиз зиёд мебошад. Қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат ва андози иҷтимоии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вуҷуд надорад, вале кашолкорӣ дар пардохти бақияпулиҳои андоз ҳаст.

Тибқи гузориши раиси ноҳия, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 238 миллиону 544 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 1,5 фоиз зиёд мебошад. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истеҳсоли сабзавот 2301 тонна ё 13,6 фоиз ва картошка 2314 тонна ё 18,9 фоиз кам шудааст.

Бо сабаби сари вақт аз шаҳри Ваҳдат тавассути канали Роҳатӣ ҷорӣ нагардидани об беш аз 350 гектар замини корами деҳоти «Гулистон» бе об монда, ҳафтаи сеюм аст, ки бо сабаби баста шудани канали «Лоҳур» беш аз 1400 гектар замини «Лоҳур» низ ба камобӣ мувоҷеҳанд.

Хабарнигорон инчунин, доир ба вазъи ошхонаҳои сайёр ва доимии дохили бозори марказии ноҳия «Ганҷ» ва сабаб­ҳои бе ташхиси байторӣ ворид намудани гӯшти чорво ва маҳсулоти ширию кишоварзӣ ба он ҷо пурсон шуданд.

Азизулло Исматзода ин ҳолатро тасдиқ намуда, барои рафъи мушкил дастур дод.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»