Аз нишастҳои матбуотӣ

Пешниҳоди хулоса ба 25 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ

№95 (4357) 22.07.2021

DSC_5751Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Умед Бобозода 15 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2021-ум 1088 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки 227-тои он хаттӣ ва 851 адад шифоҳӣ мебошанд. Аз онҳо 37 (17 муроҷиати хаттӣ ва 20 муроҷиати шифоҳӣ) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мусбат ҳал гардиданд.

Зикр гардид, ки муроҷиатҳои хаттие, ки ба дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ворид гардидаанд, бештар ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба манзил, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ рабт доранд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Миҷгона Бобоҷонзода доир ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон сухан ронда, қайд намуд, ки 84 кӯдаке, ки аз кишварҳои ҷангзада ба Ватан баргардонида шудаанд, дар муассисаҳои таълимӣ қарор доранд. Дар назар аст, оянда онҳоро ба хешовандонашон супоранд.

Инчунин, кормандони дастгоҳи марказӣ дар ҳайати 15 гурӯҳи корӣ иштирок намуда, лоиҳаи 25 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор дода, хулоса пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомот ва кормандони дастгоҳи он бо намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони байналмилалӣ чор вохӯриву мулоқоти судманд доир шуд.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

«Садои мардум»