Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод зимни нишасти матбуотӣ, ки 13 июли соли равон баргузор гардид, доир ба фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 маълумот дод.
Дар ин давра назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо оид ба ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, сохти конститутсионӣ, асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сиҳатии аҳолӣ, риояи қонунгузорӣ аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассисаю ташкилотҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус, терроризм, экстремизм ва коррупсия, самтҳои афзалиятноки фаъолият буданд.
Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, барқарорсозии ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи онҳо таҳти назорати доимии роҳбарияти мақомот қарор гирифта, аз ҷониби прокурори генералӣ ва муовинони ӯ 576 шаҳрванд пазируфта шуда, тавассути телефони боварӣ 126 муроҷиати шифоҳӣ ва аз тариқи интернет — қабулгоҳи Прокуратураи генералӣ 100 муроҷиат ворид ва дар робита ба онҳо чораҷӯӣ шуд.
Ба мақомот 23460 муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, дар натиҷаи баррасии онҳо ҳуқуқу манфиати 1684 шаҳрванд ҳимоя гардид.
Мақомоти прокуратура вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо 3904 санҷиш гузаронида, аз натиҷаи онҳо 51765 санади эътиноии прокурорӣ қабул намуда, ба маблағи 477 млн. сомонӣ зарар барқарор кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 120 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, 2322 сар чорво барқарор, 8928 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида, 2299 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ки аз онҳо 638 ададаш ба кирдорҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта рабт доранд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»