Аз нишастҳои матбуотӣ

РОЗИҚЗОДА Абдулҳаким Шералӣ: «Асардуздӣ ошкор гардид»

№24 (4444) 22.02.2022

АТЕСТАТСИОНИ (1)«Барои нобуд сохтани як миллат силоҳи қатли ом лозим нест. Танҳо коста намудани сифати таҳсилот ва ба муҳассилон додани иҷозати фиребу найранг дар имтиҳонҳо басанда аст, ки:

- беморон аз дасти чунин табибон миранд;

- биноҳо аз дасти чунин муҳандисон фурӯ резанд;

- маблағҳо аз дасти чунин иқтисоддонону муҳосибон нобуд шаванд;

- адолат аз дасти чунин ҳуқуқшиносону додрасон аз миён биравад».

Бо ҳамин нукоти пур аз ҳикмат нишасти матбуотиро раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ оғоз намуд. Ӯ афзуд, ки комиссияи мазкур ниҳоди навтаъсис ва зодаи замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ мебошад, ки бо ибтикор ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 арзи ҳастӣ намуд.

Таъкид шуд, ки аз ибтидои фаъолияти комиссия то 31 декабри соли 2021 барои таъсис додани шӯроҳои диссертатсионӣ аз муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 218 дархост ворид гардидааст, ки аз онҳо 86 дархост қонеъ ва 109 дархост бо сабаби ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҷавобгӯ набудан, рад шуд. То замони аз нав таъсис додани шӯроҳои диссертатсионӣ дар ҷумҳурӣ 54 шӯрои диссертатсионӣ амал мекарданд, ки аз рӯи 145 ихтисос диссертатсияҳоро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисос, номзади илм ва доктори илм баррасӣ менамуданд.

Дар самти ҳимояи диссертатсияҳо аз ибтидои фаъолияти комиссия то интиҳои соли сипаришуда аз шӯроҳои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ 1531 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид шудааст. Аз ин теъдод 112 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1339 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 80 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)- доктор аз рӯи ихтисос мебошад.

Розиқзода Абдулҳаким иброз дошт, ки комиссия барои муайян намудани асолати диссертатсияҳои воридшуда аз барномаи «Антиплагиат» истифода мебарад. Истифодаи барнома имкон дод, ки ҳолатҳои зиёди асардуздӣ ошкор гардида, он як падидаи барои илм нанговар аст. Ҳолатҳои даъвои шаҳрвандони хориҷӣ низ оид ба ҳодисаҳои асардуздӣ ҷой дорад, ки он ба обрӯ ва имиҷи давлату миллат метавонад латма ворид созад.

ВОРИС,

 «Садои мардум»